Arzon march 2024
Шавҳарам дар орзуи зани дуюм аст
6448

 

Ман зани шавҳардор, модари 6 фарзанд ҳастам. Муддатест маро рафтору кирдори шавҳарам дилхун кардааст. Аввалҳо рӯзона тамоман дар хона набуд, дилам гувоҳӣ медод, ки аз ман чизеро пинҳон медорад. Баъди чанде тахминҳоям дуруст баромада, маълум шуд, ки шавҳарам дар болои ман боз зан гирифта будааст. Ҳарчанд зангирияшро аз ман пинҳон карданӣ мешуд, аммо офтобро ба доман пӯшида намешавад. Баъд аз оне, ки зани дуюм доштанашро фаҳмидам, шавҳарам дар назди ман сархам не, балки ҳавобаланд шуд. Агар каме изҳори норизогӣ мекардам, зуд ба ғазаб омада, “нахоҳӣ, баромада рав, ман туро манъ накардаам, чор тарафат қибла” гуфта, дашномҳои қабеҳ медод. Мусаллам аст, ки оилавайрон шудан намехостам, зеро бо 6 фарзанд ба куҷо рафтанамро намедонистам. Модарам барвақт аз дунё гузашта, падарам зани ҷавон гирифта буду бо зиндагии худаш саргардон...

Ба тамоми ҷабру ҷафои шавҳарам тоқат карда, рӯзи дароз дар замини чандгектара кор мекардаму боз ба хона омада, аз пайи нигоҳубини фарзандонам мешудам. Ҳар саҳар шавҳарам аз хоб хеста, тамоми сабзавоти аз замин ёфтаамро бо мураббову шириниҳои захира кардаам ба мошинаш бор карда, ба хонаи зани дуюмаш мебурд. Хабар ёфтам, ки зани дуюмаш фарзанд надоштааст. Аз чунин таҳқиру беҳурматии шавҳарам дарун-дарун сӯхта, дилам пора мешуд. Аз байн чанд сол гузашту шавҳарам бемор шуда, дигар зани дуюмашро таъмин карда натавонист. Зани дуюми ӯ ҳамагӣ чанд моҳ тоқат карду шавҳари нав кард. Акнун шавҳарам шабу рӯз дар хона хоб аст. Аз афташ маълум аст, ки хеле тағйир ёфтааст, аммо намедонам, ки хомӯшии ӯ то кай давом мекарда бошад. Хавотирам, ки шавҳарам боз ҳавои зани дуюмро ба сар надошта бошад.

Гулбаҳор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД