Sebiston new 2024 october
ШАВҲАРАМ БО ЗӮРӢ МАРО АЗ ХУД КАРДУ...
20.07.2020
Р. Азимӣ
6349

Бо шавҳарам то оиладоршавӣ сагу пишак будем. Ӯ бо ман ишқварзӣ накардааст, вале мисли ошиқони бадхашм аз паям поида, чунон корҳое мекард, ки асабҳоям хароб мегардиданд. Дугонабозиятро бинам, бо касе гапзаниятро бинам, аз байн мебарам гуфта, борҳо гулӯямро фишурда буд.

Танҳо бо ман хонадор мешавӣ, агар хостгориямро қабул накунӣ, мекушам ва мурдаатро туъмаи сагони кӯча мекунам гуфта, ҳар бор таҳдидам менамуд. Агар ӯро дар деҳа медидам, дасту поям меларзид, худро бо азоб ором карда, аз наздаш гузашта, ба хона мерафтам. Ӯ мудом пеши роҳамро гирифта, гӯшрас мекард, ки бо ман хонадор мешавӣ.

Агар нафари дигар туро хостгор шуд, хонаву дарашро оташ мезанам ва худашро нобуд месозам, мегуфт. Як моҳ Баҳромро дар деҳа надидам. Хурсандиям ҳаду канор надошт. Дигар ба ман кор намегирад гуфта, ба кӯча баромадам, аз куҷо медонам, ки ҷосусони ӯ ҳар қадами маро ба Баҳром хабар медиҳанд. Як рӯз аз хонаи холаам, ки дар Душанбе аст, ба Шаҳринав мерафтам.

Дар истгоҳи мошинҳо Баҳромро дучор омадам. Сӯям бо қаҳр нигоҳ карда, ба ман наздик шуд ва таҳдид намуда, пурсид, ки дар кӯча чӣ кор мекунам ва роҳи киро интизорам. Ҳатто ба сарам даст бардошта буд ва ҳақоратҳои болохондор намуда, маро ба хонамон гусел кард. Баҳс накарда, ба хонаамон омадам. Он рӯз ба суханонаш гӯш надода будам, вале Баҳром ба ҳамсинфам Гулбарг гуфтааст, ки “Аслияро гӯй, тайёрияшро бинад, ин шом ба хостгорияш меоем”. Намедонистам чӣ кор кунам. Ба модарам дар ин бора лаб кушода наметавонистам. Шабу рӯз гиря карда, Худоро зорӣ мекардам, ки зани Баҳром нашавам. Шом буд.

Падари Баҳром ҳамроҳи ду марди бегона ба хонаи мо хостгорӣ омаданд. Дили падарамро ёфта, бо ваъдаҳои зиёд фотиҳаамон карданд. Вақте модарам “Туро ба Баҳроми писари Абуалӣ фотиҳа кардем” гуфт, дасту поям суст шуд ва оҳиста дар ҷоям нишастам.

Оби дидаам мисли абри навбаҳор беист аз чашмонам мешорид. Хуб гиря кардам ва модарам тақдират бо Баҳром пайваст будааст гуфта, дилбардориям намуд. То фарорасии тӯй Баҳром маро дар кӯча қадам задан намегузошт. Маро медид, сангсор карда, аз дарвоза дарун мекард.

Бо ин ҷавони бетарбия чӣ хел як умр зиндагӣ мекарда бошам гуфта, худро мехӯрдам.

Хулоса, тӯй барпо шуд. Баҳромро рӯзи тӯй дида, қариб буд, ки нашиносам. Хушқадду қомат ва либоси домодӣ ба зебоияш ҳусни дучанд бахшида буд, ки дар дилам шуълаи ишқ аланга зад. То барпо шудани рӯзи тӯй Баҳром ҳамчун як инсони палид, ришаш ба ҷое расида, мӯйи сараш баланд, рӯяш бенур ба назар мерасид, аммо он рӯз Баҳром тамоман дигаргуна шуда буд. Беҳуда калонсолон нагуфтаанд, ки Худованд домодро бо оби никоҳу арӯсро бо шавҳари ояндааш мешукуфонад. Ба зиндагии мустақилона қадам задем ва дар идомаи зиндагӣ Баҳромро як ҷавони хуб, боғайрат ва дурандеш дарёфтам. Муҳим аз ҳама ӯро дӯст доштам. Як сол боз бо ҳам зиндагии ширин дорем ва мефахрам, ки тақдирам бо Баҳром пайваст гардид. Духтарони азиз, хонандагони гиромӣ, хушбахтӣ дар ҳусни зебову пулу мол набудааст, хушбахтӣ дар ҳамдигарфаҳмӣ ва қувваи пурзӯри мард будааст, ки занро аз роҳи каҷ, фикри бад ва дугонабозӣ бозмедорад.
Аслияи хушбахт, аз н. Шаҳринав

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД