35 years of independency
Шавҳарам бо пули ман ҷип харид
25.10.2026
Oila.tj
39

 

Зиндагӣ ҳамеша мувофиқи орзуи инсон пеш намеравад. Гоҳе маҷбур мешавӣ кореро анҷом диҳӣ, ки ҳеҷ гоҳ тасаввур ҳам намекардӣ. Ман имрӯз дур аз фарзандонам, дар муҳоҷират ҳастам.

Аз субҳи барвақт то ними шаб дар ошхонаи озариҳо кор мекунам. Корам вазнин аст, вале маошаш бад нест. Ҳар сомониро бо умеде ҷамъ мекардам, ки як рӯз хонаи худро месозем.

Баъди марги падару модарам худро бисёр танҳо ҳис мекардам. Хонаи шахсӣ надоштем ва ҳамеша орзу мекардам, ки фарзандонам дар манзили худ калон шаванд. Барои ҳамин борҳо ба шавҳарам гуфтам: «Биё, ҳар ду ба муҳоҷират меравем, чанд сол меҳнат мекунем, замин мехарем ва хона месозем».

Ӯ розӣ нашуд. Гуфт, ки қуввати дар сохтмон кор кардан надорад ва беҳтар аст дар хона монда, кӯдаконро нигоҳубин кунад. Ман ҳам ба хотири фарзандон розӣ шудам ва танҳо ба муҳоҷират омадам.

Дар ду сол тавонистам маблағи муайяне ҷамъ кунам. Пулро ба шавҳарам фиристода, гуфтам, ки барои сохтани хона замин бихарад. Ҳар шаб бо ҳамин орзу мехобидам, ки шояд дертар аз муҳоҷират баргардам ва дигар сарсону саргардон нашавем.

Аммо дирӯз хушдоманам ба ман хабар дод, ки шавҳарам бо ҳамон маблағ мошини ҷип харидааст.

Ростӣ, аввал боварам нашуд. Пуле, ки ман бо арақи ҷабин, азоби дурӣ аз фарзандон ва шабҳои бехобӣ ҷамъ карда будам, бе маслиҳати ман сарф шудааст. Барои ман масъала танҳо мошин нест. Аз ҳама бештар ин дард мекунад, ки шавҳарам бо заҳмати ман бе иҷозати ман қарор гирифтааст.

Ҳоло намедонам чӣ кор кунам. Ҷанҷол кунам? Пулро талаб намоям? Ё хомӯш бошам?

Хонандаи азиз, шумо ҷойи ман мебудед, чӣ мекардед? Оё марде ҳақ дорад маблағи бо меҳнати ҳамсараш бадастомадаро бе ризоияти ӯ чунин сарф кунад?

М., шаҳри Перм

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД