arzon replenishment
Шавҳарам аз дарду ғами бефарзандӣ ба Русия рафту...
08.04.2024
ОИЛА.ТҶ
1543

 

Салом! Ман як зани азиятдида, мехоҳам аз зиндагии худам ба шумо қисса кунам, зеро дарди ҷонсӯзе дар дил дорам, ки маро дарун ба дарун хӯрда истодааст.

Самандар ном ҷавонеро дӯст медоштам, вале падару модарам ба издивоҷи мо розӣ набуданд. Мегуфтанд, ки ту як духтари камбағал ҳастӣ ва ин бойбачаи хондагию мошиндор рӯзе миёни роҳат мекунад, аммо мани ошиқи шайдо ҳеҷ аз ишқам дил канда наметавонистам.

Самандар ҳам худашро Маҷнуни сонӣ вонамуд карда, ҳамеша мисли соя думболам мегашт ва ҳатто ба модарам занг зада, ошкоро мегуфт, ки шумо хоҳеду нахоҳед, ман духтаратонро ба занӣ мегирам.

Хулоса, падару модарам хирагии ҷавонро дида, оқибат розӣ шуданд ва маро ба дӯстдоштаам ба шавҳар дода, бо тӯю тамошо ба хонаи бахтам гусел намуданд. Он рӯз барями хушбахттарин рӯзи ҳаёт буд.

Пас аз тӯй ҳамеша ҳурмату эҳтироми шавҳарам ва аҳли оилаашонро ба ҷо оварда, кӯшиш мекардам, ки аз ман розӣ бошанд, вале дар бадали 8 сол худованд ба мо фарзанд надод. Шавҳарам аввал ҳамеша мегуфт, ки як тори мӯйи маро бо сад духтари хондагӣ ва зебои шаҳрӣ иваз намекунад, вале рафта-рафта бефарзандӣ дили ӯро аз зиндагӣ сард гардонида, ба сарам дод мезадагӣ шуд, ки кӯдакони ҷӯраҳои ман мактабхон шуданд, ту кай мезойӣ?! Зор-зор гириста, дар ҷавоб чизе намегуфтам.

Фақат дар сари ҷойнамозам дуо мекардам, ки Худованд маро бебахт нагардонад ва як фарзанди дӯстрӯякро насибам гардонад, аммо дуоям мустаҷоб нашуд. Ба сабаби бефарзандӣ шавҳарам рафта-рафта аз ман тамоман дилхунук шуд ва дигар шабҳо қариб ки ба хона намеомад. Куҷо мерафту шабро дар куҷо рӯз мекард, намедонистам.

Як сол пеш ба Россия рафт ва дигар маро суроғ накард, на занг мезанад, на пул мефиристад. Шавҳарамро дӯст медорам, вале ҳис мекунам, ки вай дигар маро намехоҳад. Хусуру хушдоманам ҳам вақтҳои охир қошу қавоқ гиронда, бо ман нағз муносибат намекунанд, шояд ман барояшон дарди сари зиёдатӣ ҳастам, аммо инро рӯирост гуфта наметавонанд.

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Баромада равам ё бозгашти шавҳарамро интизор шавам?

Гулдастаи бетақдир

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД