Салом! Ман як зани бемор ҳастам ва мехоҳам қиссаи зиндагиамро ба хонандагони рӯзгордидаи сомонаи Оила. ТЧ нақл карда, маслиҳат бипурсам.
Шавҳари ман марди сарватманд ва тоҷири калон буд, вале ба як дӯсташ некӣ карданӣ шуда, ба номи худаш барои ӯ аз бонк қарзи калон гирифт ва хонасалот шуд. Ҷӯраи шавҳарам баъди пулро гирифтан бе ному нишон ғайб зад. Маҷбур шудем, ки тамоми дороиямонро фурӯхта, қарзи бонкро бо фоизҳояш диҳем. Ҳамин тавр мо бехонаву дар ва овораю дар ба дар гаштем.
Азбаски шавҳарам як умр марди пулдор ва кордаш болои равған буд, ба чунин ранҷу азобҳо тоб наоварда «Занак, ман Русия меравам ва кор карда хона мехараму шумоёнро аз азоби камбағалию нодорӣ халос мекунам. Худо хоҳад, боз соҳиби зиндагии шоҳона мешавем»-гӯён, панҷ сол пеш баромада рафт.
Аввалҳо ҳар моҳ кам-кам пул мефиристод, вале бо мурури замон меҳру муҳаббаташ ба ману фарзандонамон тамоман кам шуда, дигар ҳатто занг намезадагӣ шуд. Шунидам, ки дар он ҷо бо Алиса ном бойдухтаре шинос шуда,бо ёрии ӯ бизнес кушодааст ва кораш барор гирифта, пули хуб меёбад, вале аз афташ аз зани русаш метарсад, ки дигар ёди ману кӯдаконаш намекунад.
Ман дар оила яккадухтар будам ва падару модарам барвақт аз олам гузашта, дар тарбияи бобою бибиам калон шудаам. Аввалҳо тағою амакҳоям кам-кам кўмак мекарданд, вале шояд ба дилашон задем, ки «аробаи зиндагиатонро худатон кашед» гуфта аз мо рӯй тофтанд. Мани сарсахт бо чаҳор фарзанд байни замину осмон танҳову зор монда, аз ғами дар ба дарӣ ва бемеҳрию беинсофии шавҳарам ба беморӣ печидам. Як маротиба сактаи дилро аз сар гузаронидаам, аз он метарсам, ки мабодо дубора ба сактаи дил гирифтор шуда, мурда монам, фарзандонам тамоман бесоҳиб мемонанд.
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи хел шавҳарамро ба Ватан баргардонам.
Насиба, сокини шаҳри Ҳисор