Formula novemver 2024
Шавҳар кардан дар хоб чӣ таъбир дорад?
1045

Салом! Ман чанд шаб боз хоб мебинам, ки ба як ҷавонмарди зебо, вале ношинос ба шавҳар баромада истодаам. Ростӣ ҳанӯз донишҷӯ ҳастам ва нияти оила барпо намуданро надорам. Дар бораи мардҳо умуман фикр намекунам. Хайронам, ки чаро ҳар шаб чунин хобҳо мебинам. Мехоҳам таъбири хобамро бидонам.

С. А., донишҷӯ

Посух

Ба шавҳар баромадани зан ё духтар дар хоб фоли нек буда, аз рӯй додани ягон ҳодисаи хурсандибахш дар ҳаёти шахси хобдида дарак медиҳад. Духтари ҷавон хоб бинад, ки марде ба ӯ пешниҳоди оиладор шудан намуда, ба ангушташ ангуштарини тилло ё бриллиант андохта истодааст, кори сердаромад меёбад ё марди сарватманде хостгораш мешавад.

Аммо хоб бинӣ, ки туро ба шахси намехостаат зӯран ба шавҳар дода истодаанд, дар ҳаётат ягон ҳодисаи наонқадар хуш рӯй медиҳад ё қароре қабул мекунӣ, ки баъдан пушаймонӣ меорад.

Тибқи хобномаи исломӣ, зан ё духтари муҷаррад хоб бинад, ки ӯро бо касе никоҳ карда истодаанд, ба зудӣ бахташро меёбад ва оилаи солим барпо намуда, ҳаёти хушбахтона ба сар мебарад.

Зане, ки номзад ё дӯстдошта дорад, хоб бинад, ки шавҳар карда истодааст, вале падару модараш ба издивоҷи вай розӣ нестанд, аз фотиҳа гашта ба каси дигар ба шавҳар мебарояд ё дӯстдоштааш бо зани дигар издивоҷ карда, ӯро танҳо мегузорад.

Зан ё духтари муҷарради камбағал хоб бинад, ки шавҳари бой кардааст, ягон мушкилоти пулиаш ҳал мешавад ё сарчашмаи нави даромад пайдо мекунад.

Зани шавҳардор хоб бинад, ки ба марди дигар ба шавҳар баромада истодааст, маълум мешавад, ки аз ҳаёти оилавиш чандон розӣ нест. Аммо чунин хоб метавонад таъбири дигар низ дошта бошад. Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки зани шавҳардор дар хобаш ба каси дигар ба шавҳар барояд, ҳомиладор шуда, писар таваллуд мекунад. Хоб бинӣ, ки тӯйи арӯсӣ дорӣ, вале дар танат либоси сурх аст, бемор мешавӣ. Либоси сиёҳ доштани арӯс дар хоб баръакс фоли нек буда, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ба наздикӣ дар ҳаёти зани хобдида ҳодисаҳои хурсандиовар рӯй медиҳанд.

Ба марди ношинос ба шавҳар баромадан дар хоб аз иваз кардани ҷойи кор дарак медиҳад. Аз эҳтимол дур нест, ки шумо кори нави табъи дили худро пайдо хоҳед кард, ки даромади хуб меорад. Ин хоб аз рӯй додани тағйиротҳои хуб дар ҳаёти шахси хобдида низ гувоҳӣ дода метавонад. Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки духтари ҷавон хоб бинад, ки бо марди зебое издивоҷ намудааст, бо инояти худованд дари бахташ кушода шуда, ҳамсафари ҳаётиашро пайдо мекунад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД