Шаш ҳазор ронандаро барои набастани тасмаи бехатарӣ ҷарима кардаанд
64

Дар чаҳорчӯбаи амалиёти "Камарбанди бехатарӣ - муҳофизи шумо", ки аз 15 то 25-уми сентябр дар саросари кишвар идома дошт, 6137 ронанда ҷарима карда шудаанд. Дар ин бора Ҷаҳонбин Ҳакимов, роҳбари Бозрасии давлатии автомобилӣ зимни суҳбат бо журналистон хабар додааст.

Сарвари БДА таъкид кардааст, ки ронандагон бар асоси қисми 2-и моддаи 333-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ барои риоя накардан ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва набастани тасмаи бехатарӣ ҷарима шудаанд. Ин банди қонун аз ним то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 35 то 75 сомонӣ ҷаримаро пешбинӣ менамояд.

Мақомот мегӯянд, ки ин амалиётҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ гузаронида мешаванд. Ба қавли масъулини БДА, бештари садамаҳо дар пайи набастани камарбанди бехатарӣ рух медиҳанд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 635 садамаи нақлиётӣ рух дода, дар натиҷа 279 нафар ба ҳалокат расидаанд ва 224 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД