Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрванд Шинкарёва Ҳадияро зимни машғул шудан ба фолбинӣ дастгир намудаанд.
Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, дар натиҷаи санҷиш муайян гардидааст, ки номбурда қаблан барои машғул шудан ба фолбинӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб гардида бошад ҳам, аз ин кирдорҳои номатлуб даст накашидааст. Номбурда дар манзили истиқоматиаш шаҳрвандонро қабул намуда, бо истифода аз сипанд, лонаи занбӯр, лезва, собун ва ширинӣ амалҳои фолбинию ҷодугариро иҷро намуда, аз ин ҳисоб манфиати молиявӣ ба даст меовардааст.
Бо назардошти такроран ба фолбинӣ машғул шудан, нисбати Шинкарёва Ҳ., бо моддаи 240, иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.