Sebiston new 2024 october
Шартҳои хостгорӣ ва никоҳ аз назари ислом
1329


Дар муқаддимаи издивоҷ пеш аз ҳама фиристодани паёми никоҳ аз ҷониби хонаводаи писар ба оилаи духтар суннат аст.

Ҳангоми аз ҷониби наздикони писар барои хостгорӣ рафтан бояд ҳар ду тараф бо ному насаб, вазъияти хонаводагӣ ва хусусиятҳои ахлоқии ҳамдигар хуб огоҳ шаванд, зеро агар писару духтар ҳамдигарро наомӯхта хонадор шаванд, мумкин аст дар зиндагӣ ба мушкилиҳо дучор гарданд.

Абуҳурайра (р) нақл мекунанд, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Агар касе, ки аз назари диёнат ва хусусиятҳои ахлоқӣ мавриди ризоияти шумо бошад ва хостгори издивоҷ бо духтаратон шавад, хостаи ӯро бипазиред. Дар ғайри ин сурат мумкин аст фитнаҳои ахлоқӣ сурат гирад».
Вақте Хунайс ибни Ҳазофаи Саҳмӣ, ки аз асҳоби Паёмбар (с) буд, дар Мадина фавт кард ва ҳамсараш Ҳафса (духтари ҳазрати Умар) бева монд, Ҳазрати Умар (р) назди ҳазрати Усмон (р) рафта, пешниҳоди издивоҷ бо духтараш Ҳафсаро намуд. Ҳазрати Усмон (р) фармуд: «Дар ин маврид пас аз чанд рӯз ҷавоби шуморо хоҳам дод». Баъди чанд рӯз ҳазрати Усмон (р) ҷавоби манфӣ дод.

Он гоҳ ҳазрати Умар (р) назди ҳазрати Абӯбакр (р) рафта пешниҳод намуд, ки бо духтари бевамондааш издивоҷ кунад. Ҳазрати Абӯбакр (р) низ ҷавоби рад дод. Умар (р) аз ҳардуи онон хафа шуд.
Пас аз чанд рӯз ҳазрати Муҳаммад (с) хоҳони издивоҷ бо Ҳафса (р) шуданд. Ҳазрати Умар (р) Ҳафсаро ба Расули Худо (с) доданд. Баъди чанд рӯз ҳазрати Абӯбакр (р) ба ҳазрати Умар (р) гуфт:
-Медонам, ки Шумо аз ман гиламанд шудаед. Аммо ман медонистам, ки Расули Худо (с) мақсади хонадоршавӣ бо Ҳафса (р)-ро доштанд. Вагарна ҷавоби рад намедодам.

Ҳадиси мазкур нишонгари ин матлаб аст, ки агар шахсе аз назари дину ахлоқ писандида мебошад ҳеҷ бадие надорад, ки сарпарастони духтар пешниҳоди издивоҷи духтари худ бо шахси мавриди назарро карда бошанд.
Дар дини мубини ислом ризоияти духтар яке аз шартҳои асосии никоҳ қарор дода шудааст, зеро агар никоҳ бе ризоияти духтар ба амал ояд, тамоми зиндагии ӯ талху ногувор хоҳад шуд.
Ислом ба падару модар тавсия додааст, ки ба духтарони худ комилан ҳаққи интихоб дода, ба хоставу иродаи онҳо эҳтиром гузоранд. Дар ин хусус Расули Худо (с) фармудаанд: «Ҳеҷ духтар ва бевазане бе ризоият ба никоҳ дода нашавад». Саҳобагон арз карданд:-Ё Расули Худо (с) аз духтар чӣ гуна иҷозат гирифта мешавад? Мумкин аст, ки ӯ аз фарти шарму ҳаё гап назанад.
Расули Акрам (с) фармуданд: «Сукут (хомӯшӣ)-и ӯ изн (иҷозат, ризоият) аст».

Ҳазрати Муҳаммад (с) алалхусус дар бораи гирифтани ризояти ятимдухтар хеле зиёд таъкид кардаанд, яъне, бояд зимни ба шавҳар додани ятимдухтар ҳатман иҷозати ӯ бояд гирифта шавад.
Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Акрам (с) фармуданд: «Аз духтари ятим дар бораи никоҳ ҳатман иҷозат гирифта шавад. Агар иҷозат ҳосил шуд хуб, вагарна маҷбур набояд кард».
Дар никоҳ ҳамон гуна, ки ризоияти духтар шарт аст, машварат ва иҷозат гирифтан аз валӣ (соҳибдарак, падар, сарпараст)-и духтар низ зарурӣ аст. Нахустин валии духтар падари ӯст. Агар падарат фавт карда бошад, ё ғоиб бошад, он гоҳ бародари ҳақиқӣ, агар бародар набошад, амак, бобо, тағо ва ғайра валии ӯ ҳисоб меоянд. Оқил ва болиғ будани валӣ зарурист. Никоҳи духтари ноболиғ бе иҷозати валӣ саҳеҳ нест. Аз ин рӯ, иҷозат гирифтан аз валӣ пеш аз никоҳ зарурист.

Оиша (р) нақл мекунад, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар зане, ки бе иҷозати валии худ никоҳ кунад, никоҳи ӯ ботил аст».
Никоҳ бояд дар ҳузури гувоҳон анҷом гирад, зеро Расули Акрам (с) дар бораи ҳузури гувоҳон таъкид кардаанд. Никоҳ дар ҳузури гувоҳон суннат аст, яъне шарти саҳеҳ будани никоҳ ин аст, ки он дар ҳузури шоҳидон сурат гирад. Гувоҳон бояд оқилу болиғ, ду нафар мард ё як нафар мард ва ду нафар зан бошанд. Ҳазрати Муҳаммад (с) никоҳи бе гувоҳ (пинҳонӣ)-ро накӯҳиш карда, фармудаанд: «Бадкору бадамал аст зане, ки бе гувоҳ ба никоҳи марде розӣ шавад».

Тамоми касоне, ки дар маҷлиси иҷоби қабул (маросими никоҳ) ҳузур доранд ва суханони ҷонибҳоро мешунаванд, дарвоқеъ гувоҳи ақд ба шумор мераванд. Духтару писар ҳарду мусулмон бошанд, мусулмон будани гувоҳон зарурист. Гувоҳии ғайримусулмонон дар никоҳи мусулмонон пазируфта намешавад. Агар духтар аҳли китоб (насронӣ, яҳудӣ) бошад, дар ин сурат гувоҳии аҳли китоб пазируфта мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД