Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 1-уми уми март марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 оғоз кард. Дар ин бора сомонаи расмии Марказ хабар медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки марҳалаи номнависӣ дар 59 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад. Соли ҷорӣ дар ин шаҳру ноҳияҳо 49 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 15 нуқтаҳои сайёри бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД фаъолият мекунанд. Мувофиқи тартиби муқарраргардида бақайдгирӣ бо ҳузури ҳатмии довталаб сурат мегирад.
Муҳлати марҳалаи асосии асосии бақайдгирӣ то 30-юми апрел муқаррар гардидааст. Яке аз навгониҳои соли ҷорӣ ин аст, ки марҳалаи асосии азнавбақайдгирии довталабон ҳамзамон бо раванди марҳалаи асосии бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад. Солҳои пеш ин марҳала маъмулан аз 16-ум то 30-юми апрел гузаронда мешуд.
Бо мақсади осонии раванди бақайдгирӣ ва сарфаи вақти худу корманди нуқтаи бақайдгирӣ довталаб метавонад бо истифода аз хизматрасонии “Пешномнависӣ” аз номнависии пешакӣ гузашта, баъдан барои бақайдгирии расмӣ дар нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шавад.
Довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, чун солҳои пеш, то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонанд. Довталаб дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳо (русӣ ва тоҷикӣ)-ро барои имтиҳон, ҳамчунин маконҳои имтиҳонсупорӣ ва фиристодани даъватномаро ихтиёран муайян мекунад.
Инчунин, довталабоне, ки ихтисосҳоро аз гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) интихоб мекунанд, яке аз ин забонҳо – англисӣ/немисӣ/франсавӣ/арабиро, ҳамчун забони хориҷӣ, барои имтиҳонсупорӣ интихоб карда метавонанд.
Падару модарон бояд аз интихобҳои фарзандонашон ҳангоми бақайдгирӣ ва моҳияти онҳо, бахусус аз комбинатсиҳои ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил огаҳии кофӣ дошта бошанд.
Эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразнок ва ваъдаҳои авомфиребонаю бардурӯғ аз ҷониби қаллобон дар бобати довталабонро дохил кардан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Бинобар ин, довталабон ва волидайну дигар наздикони онҳоро зарур аст, ки дар ин масъала ҳушёру боэҳтиёт бошанд, то ки ба доми чунин қаллобон наафтанд.
Арзиши хизматрасонӣ барои шахсоне, ки бо мақсади иштирок дар ИМД-2023 аз қайд гузаштан мехоҳанд, дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти марҳалаҳои асосӣ ва иловагии бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 300 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 210 сомонӣ муқаррар гардидааст. Маблағи барои азнавбақайдгирӣ дар марҳалаи асосӣ пардохтшаванда 25 сомонӣ аст.
Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони то 21-солае, ки ятими кул ё бепарасторанд, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб” ва шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, дар пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД имтиёз доранд.
Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар ИМД ихтиёрист, вале таҳсилоти миёна ё олии касбӣ ба ҳар як шахс дар ҷаҳони муосир барои соҳибмаълумоту соҳибкасб шуда, пайдо кардани ҷойи кори мувофиқ ва мақоми арзанда дар ҷамъият муҳим аст.