goodwell
Шарти қабул ба Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе
125

Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе - MDIS барномаҳои академиро амалӣ мекунад, ки дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Сандерланд ва Донишгоҳи Тессайди Британияи Кабир таҳия шудаанд.

Донишкада барои донишҷӯёни тоҷик имконияти дастрасӣ ба барномаҳои байналмилаӣ ва гирифтани дипломи Британияи Кабирро бидуни сафар ба хориҷи кишвар фароҳам меорад.

Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ ректори Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе Зайниддин Мухторов маълумот дода, гуфт:

- Ҷавононе, ки мехоҳанд соҳиби дипломи сатҳи байналмилаӣ гарданд, то 20-уми сентябр шонси ба Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе дохил шударо доранд, чунки соли таҳсил дар донишкада аз моҳи октбяр сар мешавад. Аз довталабон ҳамагӣ як имтиҳон гирифта мешавда ва шарти асосии қабул донистани забони англисӣ мебошад, чунки омӯзгорон аз Британияи Кабир ва Сингапур буда, таҳсил дар донишкада пурра бо забони англисӣ сурат мегирад. Пас аз хатми донишкада ба донишҷӯён дипломи сатҳи байналмилаӣ дода мешавад, ки бо он дар Британияи Кабир, Австрия, Зеландия ва дилхоҳ кишвари хориҷӣ кор кардан мумкин аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД