Бонувоне, ки мӯяшон равғанин аст, агар шароб, аниқтараш конякро ба сифати ниқоб истифода баранд, дутарафа бурд хоҳанд кард. Коняк мӯйи сарро ғизо бахшида, аз реша мустаҳкам месозад ва дар баробари ин, ҷилонок мегардонад.
Конякро ба дарозии мӯятон молед, вале бо сачоқ напечонед. Баъди ним соат саратонро шӯед.
1. Пас аз молидани коняк мӯятонро бо шампун шуста, бо оби шарбати меваи ситрусӣ дошта обгардон кунед.
2. Ҳафтае ду-се бор истифода бурдани равғанҳои мушхору зайтун ё коняк муҳим аст. Танбалӣ накунед, он гоҳ мӯйи саратон солим, пурҷилло ва бақувват мешавад.
Мехоҳед мўятон ғафс намояд?
Барои он ки мӯйи ҳамвору парешонатон ба назар ғафстар намояд, амалиётҳои душвор лозим нестанд. Мӯятонро бо шампуни махсус (шампун для объема волос) шуста, ба мӯйи андаке тар мус барои ғафскунонии мўй молед ва саратонро ба поён хам карда, бо истифодаи фен мӯятонро хушконед.
Фаромӯш насозед, ки аз мусс ва лаки зиёд якбора истифода бурдан мумкин нест. Ба ҷои ғафсу баланд бардоштани мӯй ин воситаҳо ба мӯй вазнинӣ меоранд. Қариби нисфирӯзӣ мӯятон ғафсияшро аз даст диҳад, саратонро хам карда, ба решаи мӯйҳоятон лак пошед, кифоя аст.