Мардуми тоҷик масали хубе доранд: “Ҳамсояи наздик аз хеши дур беҳтар аст!” Ин мақол як ҷаҳон маънӣ дорад, дар ҳақиқат то хеши дур мерасад, ки ҳамсояи наздик мушкили ҳамсояро осон мекунад, албатта ба шарте, ки ҳамсояи худотарсу меҳрубон бошад, аммо аз ҳамсояи аҳримансифат худо нигоҳ дорад. Ҳамсояи бад натанҳо дасти мадад дароз намекунад, балки метавонад ҳатто балои ҷони ҳамсоя гардад. Ҳодисаи мудҳише, ки ноҳияи Шаҳринав ба вуқуъ пайвастааст, далели равшани ин гуфтаҳост...
Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як марди 49-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав ба гумони содир намудани ҷинояти куштор хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, рӯзи 3-юми декабр, тахминан соатҳои 11.00 байни боздоштшуда ва як марди 45-солаи ҳамдеҳааш ҷангу ҷанҷол сар задааст. Дар рафти ин муноқиша марди 49-сола ҳамсояи 45-солаашр се табар зада, баъдан рақибашро оташ задааст.
Тафтишоти ҷузъиёти ҳодиса ва сабабҳои сар задани ин куштори ваҳшиёна аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.