sebiston july new
Шариф Гулов зери чархи мошин монд
1194


Ҳамарӯза бо сабаби беэҳтиётии ронандагон ва пиёдагардон дар шаҳру навоҳии мухталифи кишварамон садама ва ҳодисаҳои зиёди нохуши нақлиётӣ рӯй медиҳанд, ки боиси захм бардоштан ва ҳатто ҳалокати одамон мегарданд.

Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани боз як садамаи сархӯр хабар додааст.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, субҳи 5-уми июл, тахминан соатҳои 07:30-и субҳ ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Қудбиддинов Ҳасан Изомиддинович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Левакант ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа, аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Гулов Шариф Турахонович, соли таваллушад 1964, сокини шаҳри Левакантро пахш намудааст. Мард бар асари садама ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Мо аз тамоми ронандагон ва пиёдагардон хоҳиш мекунем, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошанд ва ҳаёти худу дигаронро дар хатар нагузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД