Arzon march 2024
ШАҲРИЁРИ ДАВЛАТ ҲУНАРИ ОШПАЗӢ ДОРАД?
26.01.2021
ОИЛА
1726


-Аксари сарояндаҳо иддао мекунанд, ки маҳорати хуби ошпазӣ доранд. Шаҳриёр низ нозукиҳои ин ҳунарро балад аст?
-Аз худам ошпази моҳир наметарошам, вале баъзан кафгир ба даст гирифта, барои дӯстони наздикам ягон хӯроки махсус мепазам.
-Дӯстонатон хӯрокҳои пухтаи шуморо бай-байкунон мехӯранд ё гоҳ шӯру гоҳи дигар бе намак гуфта, биниашонро инҷ мекунанд?
-Ягон бор ба хӯроки пухтаам айб намондаанд. Ангуштони дасташонро лесиданашон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки хўрокҳои пухтаи ман бомазза ва табъи дилашон ҳастанд.
-Сарояндаҳои номдор як одати бад доранд-каттагӣ карда дар тўйҳо хўроки тўйдоронро намехўранд. Шумо ҳам аз оши тўй рўй мегардонед?
-Ман ба кадом тӯй ё маъракае наравам, нозу нуз накарда чизе, ки пешам гузоранд, хӯрдан мегирам. Пули тўйдорро гирифта аз нону намакаш рўй гардондан беинсофист!
-Дар тӯю маъракаҳо, махсусан дар маҳфилҳои арӯсие, ки дар тарабхнаҳо мегузаранд, мизро асосан бо хӯриш пур мекунанд. Шаҳриёр, дар рӯйи мизи шумо 5-6 намуди хӯриш бошад, аввал кадомашро мехӯред?
-Сад намуд хӯриш бошад ҳам, ман «Оливия» мехӯрам. Ин хӯришро ба дараҷае дӯст медрам, ки ҳар рӯз “Оливия” хӯрам ҳам, сер намешавам.
-Мегӯянд, ки ширинӣ асабро ором месозад. Шумо барои раҳоӣ аз стресс чӣ мехӯред: торт ё шоколад?
-Ман умуман шириниро дӯст намедорам. Асабӣ шавам, мусиқӣ гӯш мекунам.
-Нарху наво ба осмони ҳафтум дакка хӯрдааст ва дар ин шабу рӯз на ҳар кас имконияти гӯштбирён пухтанро дорад. Ба ғайр аз гӯштбирён шумо метавонед барои мухлисонатон ягон хӯроки дигарро пешниҳод намоед?
-Мардуми тоҷик ошиқи оши палов ҳастанд. Ин хӯроки шҳонаро дар ҳар минтақа ҳар хел мепазанд. Имрӯз ман тарзи пухтани оши самарқандиро ба мухлисонам мефаҳмонам.
-Марҳамат ошхонаи мо дар ихтиёратон!

Барои пухтани оши самарқандӣ чунин маҳсулотҳо лозиманд:
2 намуд равған: зард ва зағир
1 кг гўшти реза
3 дона пиёз
2 кг сабзӣ
нахўди пешакӣ таршуда
200 г мавизи сиёҳ
1 кг биринҷ
зира ва намак
Тарзи пухтани оши самарқандӣ
Ду намуд равғанро омехта карда гўштро дар он мезирбонем, яъне бирён мекунем, баъдан пиёзро сурх карда, сабзиро меандозем. Вақте ки сабзӣ бирён шуд, ба дег об рехта, нахўдро меандозем. Зирбак бояд то пухтани нахӯд ҷӯшад, пас аз ин ба дег мавизи сиёҳ, зира ва биринҷ меандозанд. Фаромӯш накунед, ки об бояд биринҷро пўшонад, ҳамчунин диққат диҳед, ки ягон ҷойи дег ноҷӯшида намонад, чунки дар ин ҳолат ош нимпухта меояд. Вақте ки оби биринҷ хушк шуд, ошро бояд 15-20 дақиқа дам партоед. Боз як сирри оши самарқандӣ дар он аст, ки вақти аз дег ба табақҳо кашидани ош аввал биринҷ, баъдан сабзӣ ва сипас гўштро қабат ба қабат мебардоранд. Иштиҳои том!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД