Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар вилояти Суғд иттилоъ дод, ки сӯхтор дар “Ҷумъабозор”-и шаҳри Хуҷанд шаби 2-юми октябр, тақрибан соати 03:18 дақиқа, рух додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, он ҳудуди 100 метри мураббаъро фаро гирифтааст, ки дар натиҷа якчанд мағоза ба коми оташ рафтаанд.
“Бар асари алангаи оташ маҳалларо дуд ва бӯй фаро гирифтаст. Ба ҷойи ҳодиса 5 мошини сӯхторнишонии шаҳру навоҳии Хуҷанд ва атрофи он сафарбар шудаст. Сӯхторнишонҳо баробари занги хатар ба маҳалли ҳодиса рафта, соати 04:15 дақиқа алангаи оташро ба пуррагӣ хомӯш намуданд” – иттилоъ дод манбаъ.
Гуфта шуд, ки бо мадади оташнишонҳо иморату иншооти атрофи бозор ба маблағи беш аз 3 млн сомонӣ аз коми оташ наҷот дода шудаанд.
Оташ дар нуқтаи савдо ва хизматрасонии мағозаҳои фурӯши масолеҳи сохтмонии ҶДММ “Ваҳдат”-и ба номи Бақо Ҷӯраев, воқеъ дар кӯчаи Р. Ҳоҷиеви шаҳри Хуҷанд сар зада, дар масоҳати 94 метри мураббаъ дохилу болопӯши мағозаҳоро фаро гирифтааст. Ҳангоми ҳодисаи мазкур 4-адад дӯкони фурӯши масолеҳи сохтмонӣ сӯхта зарар дидаанд.
Бояд гуфт, ки “Ҷумъабозор" яке аз бозорҳои бузурги фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар шаҳри Хуҷанд маҳсуб мешавад.