Яке аз зеботарин шаҳрҳои олам - Дубай бар асари боришоти шадиди борони сел ба кӯли калоне табдил ёфтааст. Кӯчаву хиёбонҳо ба ҳавзи об шабоҳат доранд, парвози тайёраҳо манъ шуда, офати табиӣ сокинони шаҳр ва ҳазорон сайёҳони хориҷиро ба даҳшат овардааст...
Боришот дар бадали як шаб дар Аморати Муттаҳидаи Араб бештар аз 50мм-ро ташкил додааст, дар ҳоле, ки қаблан дар ин минтақа дар як моҳ ин рақам ҳамагӣ 3 мм-ро ташкил медод.
Сел шоми рӯзи душанбе сар шуда, борон ончунон сахту пуршиддат боридааст, ки то саҳар чанд шаҳри калон пурра дар об ғарқ шуда, ба кули бузурге табдил ёфтаед.
Тамоми кӯчаву хиёбонҳои шаҳри афсонавии Дубай зери об мондаанд. Одамон то миён ва дар баъзе ҷойҳо то гулӯ дар об ғарқ шуда, бо садҳо ранҷу азоб ҳаракат мекунанд.
Кӯчаву хиёбон, мактабҳо, боғчаҳои кӯдакона, корхонаву муассиса, , дуконҳо ва марказҳои савдо зери об мондаанд. Корхонаву муассисаҳо, мактаббачагон ва донишҷӯён маҷбур шуданд, ки ба шакли фосилавии кору таҳсил гузаранд, зеро имконияти аз дар баромадан нест.
Ба иттилоъи ТАСС роҳҳо дар Абу-Даби, Дубай ва Шарҷа бастаанд. Нақлиёт умуман ҳаракат намекунад.
Бар асари боришоти шадид ва офати табиӣ як нафар ба ҳалокат раисдааст. Гуфта мешавад, ки ин марди бадбахтро сел бо мошинаш шуста бурдааст.
Парвози тайёраҳо манъ шуда, ҳазорҳо нафар сайёҳони хориҷӣ дар фурудгоҳҳо шабро бо эҳсоси ваҳшат дар рӯйи замин саҳар карданд. Об ва ғизо намерасад.
Ин офати табиӣ натанҳо сокинони Аморати Муттаҳидаи Араб, балки ҳазорон-ҳазор сайёҳону меҳмонони хориҷиро низ сахт ба ташвиш овардааст. Касе аниқ гуфта наметавонад, ки кай шаҳр ба мароми худ баргашта, тайёраҳо дубора ба парвоз медароянд.