Дар рӯйи мизи шахсе, ки ба зуком ва шамолкашӣ гирифтор шудааст, бояд ҳатман анор бошад. Чаро? Гап дар сари он аст, ки анор манбаи асосии витаминҳо мебошад.
Дар таркиби ин меваи дурдонанамо витаминҳои А, С, Е, В1 ва В2 зиёд буда, ҳамчунин он аз оҳан, калий, кальций, кремний ва йод бой аст. Чаро табибион шарбати анорро тавсия медиҳанд? Ягон шарбати мева мисли шарбати анор аз антиоксидантҳо бой нест. Аз ҳамин сабаб ба маризоне, ки бемориҳои сироятӣ, ҷарроҳӣ ва касалиҳои дигари вазнинро аз сар гузаронидаанд, табибон маҳз шарбати анорро тавсия медиҳанд, зеро он дар мубориза бо вирус ва бактерияҳо хеле пуртаъсир буда, барои зудтар барқарор шудани саломатии инсон ёрӣ мерасонад.
Ба шахсоне, ки ба ангина ва ларингит гирифтор шудаанд, маслиҳат медиҳем, ки гулӯяшонро бо шарбати анор чайқонанд.
Шарбати анор барои табобати пардаи луобии даҳон ва стоматит низ фоидабахш мебошад. Вақте ки табби одам баланд шуда, ӯро талбарза фаро мегирад, дарҳол як дона анорро ҷафида, шарбати онро ба бемор додан лозим аст. Шарбати тозаи анор ташнагиро шикаста, ба паст шудани табби мариз ёрӣ мерасонад.
Фақат дар ёд дошта бошед, ки шарбати анорро бо оби гарм омехта кардан лозим аст, то ки кислотаи таркибаш эмали дандонҳоро вайрон накунад.