Arzon march 2024
Шарафи варзиши тоҷикро дар мусобиқа киҳо ҳимоя мекунанд?
523

Дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе аз 2 то 6-уми октябри соли равон Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи ҷудо байни ҷавонон баргузор хоҳад гашт. Тими Тоҷикистон аз 25 гӯштингир иборат аст.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар ин мусобиқа ба сифати мизбон ширкат намуда, дар қувваозмоиҳои инфиродӣ 25 нафар варзишгарон шарафи варзиши тоҷикро ҳимоя хоҳанд кард, ки 17 нафарашон писарон ва 7 нафарашон духтарон мебошанд. Лоиқ Қутбуддинов, Саъдӣ Маҳмадов ва Хайрулло Ғанизода дар вазни то 60 кг, Самиршо Муҳаббатов, Умар Шеров, Муқтадири Бобоҷон дар вазни то 66 кг, Муҳиддин Асадуллоев ва Илҳомиддин Ҷабборов дар вазни то 73 кг, Аминҷон Абдуҷалилзода, Суннатулло Мусоев, ва Муҳаммад Юсуфзода дар вазни то 81 кг, Мусохон Ғаниев, Музаммир Каримзода, Сомон Кишваров дар вазни то 90 кг, Парвиз Абдураҳмонов, Муҳсин Маллаев дар вазни то 100 кг, Аҳмад Табаров ва Фараҳманд Устопиров дар вазни +100 кг дар ин мусобиқаи сатҳи баланд рақобат менамоянд. Варзишгардухтарон Зуҳал Ҷумъаева ва Райҳона Розиқзода дар вазни то 48 кг, Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг, Александра Кан ва Раҳмия Ханҷарбекова дар вазни то 57 кг, Ҷонона Назарова дар вазни то 63 кг, Виктория Киселева дар вазни +78 кг ба майдон мебароянд.

Бино ба иттилоъи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо варзишгарони то 21-сола имкони иштирок карданро доранд. Барои ширкат дар чемпионат аллакай 422 нафар варзишгарон аз 58 давлат номнавис шудаанд, ки 227 нафарашон мардон ва 195 нафарашон занон мебошанд.

Ғолибону ҷоизадорони Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон дар баробари медал бо ҷоизаҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД