Arzon march 2024
Шаҳодат: Дод аз дасти қайсингил!
2165

 

Аз рӯзе, ки ба шавҳар баромадам, дар ҳавлии хусуру хушдоманам як қайсингилам бо фарзандонаш зиндагӣ мекунад. Хоҳаршӯям пеш аз тӯйи мо аз шавҳараш ҷудо шуда, ба ҳавлии волидонаш баргаштааст.

Ман аз хусуру хушдоманам гила надорам, вале як чиз маро ба ҳайрат меорад, ки чӣ хел аз чунин марду зани биҳиштӣ чунин духтари албастӣ ба дунё омадааст? Рӯзе нест, ки қайсингили девонафеълам маро ба гиря нарасонад. Хоҳаршӯям ба ҳама корам кордор шуда, мудом маро неш зада мегардад. Сари ҳар қадам зиндагии худашро дар хонаи хушдоманаш мисол оварда мегӯяд, ки ман нисфи кори мекардаи ӯро намекунам. Аз рӯйи гапаш вай келин не, фаришта будааст, вале қайсингилҳояш ӯро зада-зада аз хона пеш кардаанд. Модарам мегӯяд, ки асабҳояш дар хонаи шавҳараш пурра вайрон шудаанд, барои ҳамин ҳар гапу корро бардошта наметавонад, вале ман ба рафтори хоҳаршӯям диққат дода, ба хулосае меоям, ки агар вай зани хубу сарпаст мебуд, ҳеҷ гоҳ бо 2 фарзанд бароварда пеш намекарданд. Хонаводаи шавҳарам дар маҳалла яке аз оилаҳои сарватманд ба ҳисоб мераванд ва дар хонаамон тамоми шароит муҳайё аст, вале қайсингилам мудом бо сару либоси чиркин гашта, обрӯи моро мерезонад. Нохунҳояш дарозу пури чирк, куртаҳояш даридаю доғзада, мӯйҳояш мудом мисли мӯйи аҷузакампир парешон, фарзандонаш низ бо чунин аҳвол мегарданд. Кӯдаконаш на тарбия доранд, на одоб, хонаро бо доду фиғон ба сарашон мебардоранд. Хусуру хушдоманам аз дасти духтару набераҳояшон ба дод омадаанд, вале чӣ кор карданашонро намедонанд. Шавҳарам ҷонбезор шуда бошад ҳам, чӣ кор карданашро намедонад. Кӯдакони ман ҳам рӯз то рӯз калон шуда, зиндагӣ дар як ҳавлӣ бо қайсингили девонафеълам торафт душвор гашта истодааст. Ман то ин дам ба хотири хусуру хушдоманам ба ҳамаи қилиқҳои ин девона тоқат мекардам, вале косаи сабрам лабрез гашт. Ба шавҳарам гуфтам, ки агар як бори дигар апааш ба зиндагиямон кордор шавад, баромада меравам.

  

Аз нақли шавҳар:

Ба рӯйи апаам давида наметавонам

Дар тақдиру насиби оилаи мо чунин навишта шуда будааст, ки апаам бо фарзандонаш хонавайрон шуда, дар хонаи мо умр ба сар мебарад. Ростӣ, оилаи мо аз ягон чиз танқисӣ надорад, бо тамоми шароитҳои ҳозиразамон таъмин ҳастем, вале апаам баъди хонавайрон шуданаш асабиву инҷиқ гашта, на танҳо падару модарам, балки ҳамаи аъзоёни оиларо ғам медиҳад. Рӯйи хотири фарзанди падар буданаш ман ба ӯ гапи пасту баланд гуфта наметавонам. Бачаи кенҷагӣ намебудам, кайҳо зану фарзандонамро гирифта баромада мерафтам, вале андешаи он ки ҳоли волидонам бо духтари беандешаашон чӣ мешавад, маро аз роҳ мегардонад. Ба занам чизе ваъда дода наметавонам, зеро худам дар ҳоли ногувор қарор дорам.

Маслиҳати равоншинос:

Падару модар ва додари ин зани хонавайроншуда бо хомӯшиву таҳаммул карданҳояшон ӯро эркаву тори сар кардаанд. Мусаллам аст, ки чунин зани шаттоҳро минбаъд касе ба занӣ гирифтан намехоҳад ва шояд умре дар ҳавлии падар умр ба сар бурданаш лозим ояд. Ҳоло ҳам сари вақт аст, бо маслиҳати волидон барои апаатон хонаи алоҳида харида ё як ними ҳавлиро ҷудо карда, барояш хона сохта диҳед ва зиндагияшро ҷудо кунед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД