arzon replenishment
Шаҳноза баъди латту кӯб мӯйи сари Гулнозаро бурид
3426

Дар ҷустуҷӯйи модар.

ё чӣ тавр Ҷононаи фавтида модарашро пайдо кард?

... Модари ман рус аст ва дар Бурятияи Русия бо падарам шинос шуда, хонадор мешаванд ва ман ба дунё меоям, аммо дере нагузашта, падарам маро ба Тоҷикистон меорад. Ӯ аз сабаби он ки маро дӯст медошт, нахост, ки бо модарам равуо дошта бошам. Намедонам, байни онҳо чӣ гузаштааст, вале ҳамсояҳоямон ба ман гуфтанд, ки падару модарам ба ҳам менавиштанд. Дар мактуби охирин падарам ба модарам менависад, ки ман мурдаам...

Қиссаи мазкур фарҷоми нек дорад, вале хеле ҷонсӯз аст. Шумораи нави ҳафтаномаи “Оила”-ро дастрас ва қиссаро мутолиа кунед!

Шаҳноза баъди латту кӯб мӯйи сари Гулнозаро бурид

... Тибқи пурсиши ҷабрдида, гумонбар ва нафари сеюм маълум гардид, ки нахуст байни онҳо баҳси лафзӣ сурат гирифта, баъдан дастгиршуда Холиқова Шаҳноза ҷабрдида Ваҳобова Гулнозаро мавриди латту кӯб ва дашному ҳақорат қарор дода, бо истифода аз қайчӣ мӯйи сари Ваҳобова Гулнозаро мебурад...

Шарҳи пурраи матлаби мазкурро аз шумораи ҷадиди ҳафтаномаи “Оила” бихонед!

Тӯй нест, пул ҳам нест!?

Ситораҳо дар давраи пандемия чӣ ҳол доранд?

...“Ростӣ, ягон манбаи даромади пулӣ надорам, тамоми захираҳоям дар ин муддат сарф шуд. Шукр, ки оилаи мо калон аст ва ба ҳамдигар кӯмак мерасонем. Ҳамзамон, писарам оиларо таъмин карда истодааст. Ба кулли дӯстон ва ҳаводоронам гуфтаниям, ки нисбати ин вирус ҷиддӣ муносибат намоянд. Вируси мазкур ноаён аст ва одам дар дилхоҳ ҷой сироят ёфта метавонад”,-мегӯяд, Моҳпайкар Ёрова...

Назарсанҷии хабарнигори ҳафтаномаро бо ситораҳои эстрада ва ҳунармандони синамо аз шумораи тозаи ҳафтаномаи “Оила” мутоли намоед!

Меваи дӯстдошта хислати инсонро фош месозад

...Афроди себдӯстдор куҳнапарастанд. Навигариҳои техникиро хуш надоранд. Пайваста бо ҷамъоварии ашёҳои пурқимати қадима машғул ҳастанд ва аз ин шуғли худ эҳсоси қаноатмандӣ мекунанд. Дар робита бо дӯстон бар он ақида ҳастанд, ки як дӯсти дерин аз ду дӯсти нав беҳтару болотар аст...

Шумораи нави ҳафтаномаи “Оила”-ро дастрас карда, аз рӯйи меваи дӯстдоштаатон хислати худро муайян намоед!

Панҷакент: Табибони бемасъулият сабаби марги модару кӯдак шуданд

... Баъди ташхиси рентгенӣ маълум мешавад, ки найчаи пешобгузари бемор ҳангоми ҷарроҳӣ сӯрох шуда, давоми зиёда аз 20 рӯз як қисми пешоб дар дохили бемор ҷамъ шудаву узвҳои даруниашро заҳролуд кардааст. Хулоса, баъди се рӯзи бистарӣ кардани Бахтиниссо дар шӯъбаи урологии беморхонаи шаҳри Панҷакент ӯ вафот мекунад...

Асрори марги ҷавонзани панҷакентӣ ва кӯдаки ӯро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” пайгирӣ намоед! Ҳафтаномаро аз тамоми дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо пурсон шавед!

Духтар мезоед ё писар?

Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи «Оила» бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба «Оила» занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ:

238-52-52

«Маро танҳо нагузор»

Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм пайдо кунед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед? Умри инсон хеле кӯтоҳ аст, онро дар танҳоиву ноумедӣ нагузаронед. Шитобед, бахти худро пайдо намоед. Маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Рӯзҳои қабул: чоршанбе (аз соати 9.00 то 12.00) ва ҷумъа (аз соати 14.00 то 17.00). Суроға: хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, бинои «Шарқи озод», ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи «Оила». Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бо воситаи маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» беш аз 200 нафар оила барпо карданд ва хушбахтанд.

Оила ва Ислом

Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.

СМС-ҳои ошиқона

Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон «Оила» рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД