Sebiston new 2024 october
ШАҲНОЗА АЗ МУШТУ ЛАГАТИ ШАВҲАР ҶОНБЕЗОР ШУДУ....
09.12.2020
ОИЛА
5824

Ташнаи бахт

Ман дар оила фарзанди калонӣ буда, ду хоҳару ду додар дорам. Ҳанӯз мактабро хатм накарда будам, ки як хешамон ба хонаамон хостгорӣ омад ва падару модарам ба хотири канда нашудани риштаи хешу табориашон не нагуфта маро ба шавҳар доданд. Гумон мекардам, ки ба хешамон келин шуда, зиндагии осуда мебинам, вале хаёлам хом баромад.

Келини шайтон

Ростӣ, аввалҳо зиндагиамон хуб буд, хусуру хушдоманам ва умуман аҳли оила бо ман хеле меҳрубон буданд ва намемонданд, ки аз ягон ҷиҳат танқисӣ кашам, вале баъди он ки писари дуюмашонро зан доданд, муносибаташон якбора тағйир ёфта, сояи маро аз девор метарошидагӣ шуданд. Келини нав шайтонаки ҷодугар буд ва худро ширин карда, маро дар ғайбам бо ҳар роҳу восита дар назари аҳли оила албастӣ барин сиёҳ карда мегашт. Билохира ин маккора бо бадгӯиҳояш чунон дили ҳамаро аз ман хунук намуд, ки ҳатто шавҳари меҳрубонам душмани ҷонам шуда монд. Бо баҳонаи он ки гӯё ман ба гапи хушдоманам гӯш намедиҳам ва бисёр хоб меравам, вай баҳудаю беҳуда маро лату кӯб мекард.

Рӯятро дидан намехоҳам!

Рӯзе шавҳарам боз аз таги нохун чирк кофта ҷанҷол бардошт ва дар сари қаҳру ғазаб аз дастам кашолакунон маро аз дар берун карда гуфт:

-Дафъ шав, ба хонаатон рав, рангу рӯятро дигар дидан намехоҳам!

Косаи сабрам лабрез гашту гирёну нолон аз дар баромадам. Душанбе шаҳри калон аст ва мани қишлоқӣ онро хуб намедонистам, бо азобҳои алим аз одамон роҳро пурсида-пурсида базӯр Автовокзалро ёфтам ва ба таксиҳои Кӯлоб савор шуда ба хонаамон омадам. Модарам бо дидани чашмони аз гиря варамкардаю ҳоли парешонам ба таҳлука афтида маро саволборон кард:

-А духтар, тинҷӣ ҳаст? Барои чӣ рангат пахта барин кандагӣ? Чаро танҳо омадӣ? Шавҳарат канӣ?

Аз дарду алами зиёд ба ҷои ба саволи модарам ҷавоб додан бо тамоми овоз нола кардам, чунон бо алам нола кардам, ки гӯё шавҳарам мурда бошад. Фиғони ҷонгудози ман модарамро бештар талхакаф кард, бечора қариб дилкаф шуда буд. Вай аз зери бағалам гирифта маро ба хона даровард ва як пиёла об дода, сипас сабаби гиряамро пурсид. Гуфтам, ки шавҳарам маро аз хонаашон пеш кард, дигар поямро ба остонаашон намегузорам. Модарам андешамандона оҳи сард кашида гуфт:

-Духтарам, кори хуб накардӣ, шавҳарат санги осиёбро дар сарат гардон кунад ҳам, бояд қадаматро аз дарвоза ба берун намегузоштӣ. Мардум фаҳманд, чӣ мегӯянд? Мегӯянд, ки духтари фалонӣ эрка аст, қаҳр карда аз хонаи шавҳараш омадааст…

Сухани модарамро бурида фарёд задам:

-Мардум чизе, ки мехоҳанд, гуфтан гиранд, маро кушед ҳам, дигар ба он хона намеравам!

Модарам ҳолати маро дида дигар чизе нагуфт.

Нахли умед

Аз байн чанд рӯз гузашт. Аз чӣ бошад, ки дилам ҳар чиз мекашид. Тобу тоқати бӯйро надоштам, бӯйи равған ба димоғам расад, дилам беҳузур шуда, қай мекардам. Модарам чизеро пай бурда маро ба назди духтур бурд. Ташхис нишон дод, ки ҳомиладорам. Модарам хурсанд шуда худи ҳамон рӯз ин хушхабарро ба шавҳарам расонд. Рӯзи дигар шавҳарам барои бурдани ман омад. Намеравам гуфтам, вале ҳама пайвандонам бо як овоз «хотири тифли батнатро кун, магар ту мехоҳӣ, ки кӯдакат сағера шавад?!» гӯён, маро маҷбур карданд, ки ба хонаам баргардам.

Бозгашт ба дӯзах

Фикр мекардам, ки кӯдакдор шуда, зиндагии хуб мебинам, аммо боз ғалат кардам. Муносибати аҳли оилаи шавҳарам бо ман натанҳо беҳ нагашт, балки бадтар шуда, рӯзам тамоман сиёҳ шуда монд. Зиндагӣ дар назарам дӯзахро мемонд, вале маҷбур будам, ки ба ҳамааш тоқат кунам, зеро хуб медонистам, ки қаҳр карда равам ҳам, волидонам «бахт бахти аввал аст» гуфта, маро боз ба ҳамин хона меоранд. Шавҳарам на парвои ман дошту на ғами фарзандашро мехӯрд, гӯё мо барояш тамоман вуҷуд надошта бошем, дилаш хоҳад ба хона меомад, нахоҳад ҳафтаҳо беному нишон мешуд. Бо азобу машаққатҳои зиёд фарзандамро ба воя мерасонидам. Ҳамин тавр аз байн ду сол гузашту ман боз соҳиби духтарча шудам. Шавҳарам ҳатто ҳавсала накард, ки рафта зану фарзандашро аз таваллудхона барорад, моро хушдоманам бо мошини кироя ба хона овард.

Писар ҳам мадад накард

Фикр мекардам, ки шавҳарам аз духтар таваллуд карданам ғамгин аст, барои ҳамин шабу рӯз Худоро зорӣ менамудам, ки ба ман писар диҳад, то зиндагиам мустаҳкам шавад. Худованд оҳи диламро шунида маро ба орзуям расонду писарчадор шудам. Хурсандиам ҳаду канор надошт, гумон мекардам, ки акнун ҳама азобҳоям пушти сар шуда, ҳаётам асал барин ширин мегардад, аммо писар зоиданам ҳам ҳаёти бе рангу бемаънии маро дигаргун накард. Шавҳарам ҳамоно шабу нисфи шаб ба хона омада маро мисли тӯби футбол лагадкорӣ мекард. Дилам ба ҳоли кӯдаконам месӯхт, чунки падари золимашон натанҳо ман, балки онҳоро ҳам бисёр бераҳмона мезад. Дилам аз шунидани фиғони ҷонсӯзи фарзандонам реш-реш шавад ҳам, аз тарс ҷуръат намекардам, ки тифлакони бегуноҳамро аз зери чанголи шавҳари ҷоҳилам кашида гирам.

Қасди худкушӣ

   Оқибат ҷонам аз чунин зиндагии сагона ба лабам расиду ба хулосае омадам, ки худамро бо кӯдаконам оташ мезанам. Бо ҳамин мақсад ҳар се фарзандонамро ба хона дароварда дарро аз дарун маҳкам кардам. Тифлаконамро бо чашмони гирён бӯсида бо онҳо видоъ намудам ва ба сару рӯяшон бензин рехта, хостам оташ занам, вале дилам чунон ба дард омад, ки дигар тоқат накарда, дарро кушодам ва ҳарсеашонро берун кардам. Кӯдакони хурдсолам ба чизе сарфаҳм нарафта бо ҳамон либосҳои бензинолудашон давида рафтанду мани гирён дубора ба хона даромадам ва ба сару рӯйи худам бензин пошида, гӯгирдчӯбро оташ задам. Дар як лаҳза алангаи оташ саропои маро фаро гирифта ба як гулхани сӯзон табдил ёфтам. Баданам чунон месӯхт, ки гӯё зинда ба зинда дар дӯзах афтида бошам. Ба сӯзиши ҷонкоҳ тоб наоварда бо тамоми овоз фиғон кашидам ва худро ҷонҳавл ба сӯйи дар задам. Дигар чӣ шуд, ёд надорам…

Болои сӯхта намакоб

Вақте чашмонамро кушодам аллакай дар беморхона будам ва падару модарам дар болори сарам нишаста гиря мекарданд. Бо овози базӯр шунаво аз модарам кӯдаконамро пурсон шудам. Гириста-гириста гуфт:

-Инро бинед, худаш аз он дунё баргашту ғами бачаҳояшро мехӯрад.

Хабари ба ҳуш омадани маро шунида рӯзи дигар хушдоманам ба беморхона омад. Гумон кардам, ки ба аёдат омадаасту дилбардорӣ карда аз ман бахшиш мепурсад, вале ғайри чашмдоштам ин зани бешафқат доду фиғон бардошта таъкид кард:

-Худатро алов сар дода, бачаи маро суд карданӣ будӣ-а, тиррончак! Хаёл мекунӣ, ки чашми моро тарсондию аз ин пас туро тори сар карда мегардем. Ин хобатро ба об гӯй! Ман аз ту барин келин безорам! Дигар пою қадаматро ба хонаам намон, ки поятро зада мешиканам! Сар амон бошад, кулоҳ ноёб нест гуфтаанд, ҳамин ҳафта писарамро зани духтар медиҳам. Мефаҳмӣ, зани духтар медиҳам! Талоқи ту маймунро бошад, кайҳо дод. Се талоқат кард! Акнун як умр дар ҳасрати шӯ мурда мегардӣ. Туро бо ин афту башараи хунукат дигар ягон мӯйсафед ҳам ба занӣ намегирад. Як умр шӯ гуфта мурда меравӣ…

Суханони нешдори модаршӯям болои захмҳои сӯзони ман намакоб пошиданду боз аз ҳуш рафтам.

Танҳо, вале хушбахт

Хулоса, баъди ду моҳ маро аз беморхона ҷавоб доданд. Дар ин муддат шавҳарам ягон бор ба аёдати ман наомада буд, бинобар ин, худро паст зада дубора дарашонро накӯфтам. Ҳоло бо се фарзандам дар хонаи падару модарам зиндагӣ карда истодаам. Танҳоям, танҳои танҳо, вале худро хушбахт ҳис мекунам. Аз он ки шавҳарам маро суроғ накард, заррае пушаймон нестам, танҳо аз он пушаймонам, ки чаро барои як номард шуда, худамро оташ задаму ҳусну ҷамоламро барбод додам.

Шаҳнозаи сиёҳбахт.

Таҳияи Маҳбуба Саидова, ш. Кӯлоб.

Р/С

Имрӯз Шаҳноза дар риштаи дорусозии коллеҷи тиббӣ таҳсил мекунад. Табиист, ки падару модараш то дар қайди ҳаёт будан барои Шаҳноза ва фарзандонаш шароитҳои заруриро муҳайё менамоянд, вале баъдан ҳоли ин оила чӣ мешавад? Шавҳар ва хушдомани Шаҳноза бояд сари ин мавзуъ андеша мекарданд, вале Худованд чашми ақли эшонро кӯр кардааст. Умедворем, ки ҳомиёни қонун ҳуқуқҳои ин ҷавонзани аз ҷабри шавҳар ба чунин ҳол афтида ва фарзандони ноболиғашро ҳимоя менамоянд. Шояд он гоҳ чашми хушдоману шавҳари мағрури Шаҳноза мош барин кушода шуда аз карда пушаймон мешаванд…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД