Муштариёни азизи сомонаи Оила.ТЧ! Тавре ки қабланд иттилоъ дода будем, Шамсиддин Раҳмонзода, сокини кучаи Бинокорони ноҳияи Данғара дар ҳолати мастӣ бо ҳамсараш муноқиша кард,бо як бераҳмии гӯшношунид завҷаашро зери латукӯб гирифта буд ва бар асари ин зарбаҳо зан дар бемористон ба ҳалокат расид.
Ба иттилои Офоқ Қодириён, котиби матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 12-уми ноябри соли равон сар зада, сокини ноҳияи Данғара Раҳмонзода Шамсиддин дар ҳолати мастию сархушӣ бо ҳамсараш Манижа Достиеваи 27-сола муноқиша карда, дар манзили истиқоматияш ӯро зери латукӯби шадид қарор додааст.
Дар натиҷа зан ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи Данғара бистарӣ карда мешавад ва санаи 17-уми ноябр ба ҳалокат мерасад.
“Айни замон нисбати Раҳмонзода Шамсиддин бо моддаи 110, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбачаи тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Данғара парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишоти ин қазия идома дорад” – гуфтааст Офоқ Қодириён.