Sebiston new 2024 october
Шамоли сахт ва хокбориш мешавад
419

 

Дар қаламрави вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ , 3-4 июли соли ҷорӣ боди шадид дар назар дошта шуда, шамол бо суръати 13-18 метр дар як сония хоҳад вазид.

Аз 29 июн то 5 бар асари омилҳои метеорологӣ (чангу хок) олудагии ҳаво бо моддаҳои беруна дар назар аст.

Ҳамчунин, рӯзҳои 29-уми июн то 5-уми июли соли 2023 бар асари об шудани пиряхҳо омадани селҳо дар як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ эҳтимол дорад.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истино бо Агентии ҳавошиносии кишвар хабар додааст.
Кумита тавсия медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо аз эҳтиёт кор гиранд ва каналҳо ва селроҳаҳро сари вақт аз чубҳо тоза кунанд, то агар сел ҳам омад, ба маҷрои худ равад ва ба хонаву таҳхонаву киштзорҳо ворид нашавад.

Дар чунин рӯзҳо худдорӣ аз ҷамъоварии рустаниҳои дорувор, ҷамъоварии ҳезум, чорвочаронӣ ва шикор дар баландкӯҳҳо ба манфиат аст.

Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя кунанд, боло бурдани суръати ҳаракат ва риоя накардани масофаи миёни мошинҳо аз омилҳои ҳодисаҳои нохушанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД