Commerce bank may-june 2026
Шамоли сахт дар бисёр манотиқи Тоҷикистон зарар расонидааст
28.05.2026
Oila.tj
142

Шаби Иди Қурбон шамоли сахт дар бисёр манотиқи кишвар, бахусус шаҳри Душанбе хисорот расонидааст.

Бар асари шамоли шадид қисме аз болопӯши хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмурӣ, овезаҳои таблиғотӣ, баннерҳо, дарахту гулу буттаҳо осеб дида, кандаву тахриб шудаанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, дар канораи шаҳри Душанбе дарахти азимҷуссае аз реша канда шуда, болои мошини сабукрав афтодааст. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамчунин, тибқи аксу наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда, дар натиҷаи вазиши шамоли сахт рӯйпӯши берунии бинои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қисман осеб дидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД