arzon replenishment
Шаҳло ба хотири Баҳодур тарки Душанбе кард?
11.12.2022
ОИЛА
1093

 

Шаҳло Давлатоваро мухлисон бештар туфайли дуэтҳои ҳамроҳи Баҳодур Ҷумъаев сурудааш мешуноисанд.

Ин духтараки соҳибҷамол аслан раққоса буда, қадамҳои нахустинашро аз соли 2006 дар театр- студияи “Падида” оғоз кардааст, вале шавқи сарояндагӣ дили ин нозанинро ором нагузошта, билохира ӯро ба шоу-бизнес овардааст.

Шаҳло дар ҳунар ҷойгузине надорад, ӯ бештар бо тарзи махсуси ороишоти рӯю либос ва ҳамон сабки хосаи худаш дар муддати кӯтоҳ маъруф гардидааст.

Агар бигӯем, ки Шаҳлоро бештар бо сурудҳои ғарибиаш мешиносанд, хато намекунем. Шаҳло сурудҳои ғарибиашро бо писарчаи хурдакакаш Яҳёҷон суруда, мухлисони зиёде пайдо кард.

Зиндагии Шаҳло бо вуҷуди ин қадар дастовардҳо боз ҳам сахтиҳои худро дорад. Шаҳло замоне бо сарояндаи овозадори тоҷик Шаҳриёри Давлат оиладор шуда, соҳиби як фарзанд гаштанд, вале бахт ба рӯи ин сарояндаи хушсадо нахандида, аз шавҳар ҷудо шудааст.

Дар яке аз мусоҳибаҳояш Шаҳло гуфтааст, ки нияти оиладор шудан надорад ва дар ин бора фикр ҳам накардааст.
Шаҳло Давлатова аз он ки фаъолияти муштаракро бо Баҳодур ба роҳ монд, хеле хурсанд аст.

Миёни Шаҳло ва Баҳодур робитаи қавии дӯстона вуҷуд дорад ва ба хотири ҳамин дӯстиашон Шаҳло тарки Душанбе карда, дар шаҳри Бохтар бо Баҳодур машғули сабти сурудҳои навинанд.
Имрӯз ин ду ситора бештар дар тӯю маъракаҳо ширкат варзида, ба базму сӯри мардум шукуҳи хоса мебахшанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД