sebiston july new
Шакира ба беморхонаи зодгоҳаш кӯмаки тиббӣ ирсол кард
1217

 

Овозхон, раққоса, устоди рақс ва модели 47-солаи колумбиягӣ Шакира Изабел Мебарак Риполл, ки дар саҳна бештар бо исми Шакира маъруф аст, ба зодгоҳи худ шаҳри Барранқиляи Ҷумҳурии Колумбия кӯмаки башардӯстонаи тиббӣ ирсол кардааст.

Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси шаҳри Барранқиля, кӯмак аз 50 ҳазор ниқоби тиббӣ ва 10 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), ки барои гирифторони бемории “коронавирус” сахт зарур аст, иборат будааст. “Шаҳр бори дигар эҳсос кард, ки дар дили Шакира ҷойгоҳи хоса дорад. Дар чунин вазъият, ки тамоми ҷаҳон бар зидди пандемияи COVID-19 мубориза мебаранд, Шакира барои беморони беморхонаи шаҳри мо чизҳои заруриро ирсол кардааст. Ин ғамхории ӯ ба шифоёбии чандин нафар боис хоҳад шуд”,-навишта шудааст, дар сомонаи раиси шаҳр. Хайме Пумарехо, раиси шаҳри Барранқиля шахсан дар саҳифаи Твиттераш аз Шакира изҳори миннатдорӣ карда, чунин навиштааст: “Шакира нафарест, ки тамоми ҷаҳон ӯро дӯст медоранд ва ӯ низ самимона Барранқиляро дӯст медорад”. Ҳоло дар Колумбия 8613 нафар ба бемории COVID-19 гирифтор буда, 378 нафар фавтидаанд. Табибон ҷони 2013 нафарро аз панҷаи марг раҳонидаанд.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД