Arzon march 2024
Шахсоне, ки забони русиро намедонанд, дигар ба Русия роҳ дода намешаванд
562

Салом! Ман Сайдалӣ, аз як деҳаи дурдасти ноҳияи Ғарм ҳастам. Мехоҳам ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ равам, вале рости гап забони русиро тамоман намедонам. Чанд нафар ҳамдеҳагонам, ки мисли ман ба ғайр аз “здравствуй” дигар ягон калимаи русиро намедонистанд, чандин сол боз дар Русия кор мекарданд, вале имсол аксарияташонро аз кишвари рус ронданд. Аз ҳамин сабаб ба дилам шубҳа афтидааст. Метарсам, ки мабодо аз мардум пули бисёреро қарзу қавола карда, чипта харида ба Русия коркунӣ равам, вале кор карда натавонам, ҳолам дар мулки мардум чӣ мешуда бошад? Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

САЙДАЛӢ, н. Рашт

Посух:

- Дар ҳақиқат пештар ҳатто шахсони забони русиро намедонистагӣ низ метавонистанд дар мулки рус ягон кор ёфта, ризқу рӯзии худро пайдо намоянд, вале имрӯз қонунҳои муҳоҷиратии Россия хеле пурзӯр шуда, бидуни донистани забон дар ин кишвар кор кардан ғайриимкон аст. Аз ҷумла Вячеслав Володин, спиреки парлумон ва Думаи давлатии Россия пешниҳод кардааст, ки шахсони забони русиро намедониста дигар тамоман ба қаламрави Федератсияи Россия роҳ дода нашаванд.  

“Шахсоне, ки забони русиро намедонанд, набояд ба Россия роҳ дода шаванд. Омӯзиши забониро русиро дар қаламрави Россия ба роҳ мондан шарт нест. Муҳоҷирон бояд забони русиро дар Ватани худ омӯхта, баъд барои кор кардан ба ин ҷо биёянд”,- гуфтааст Володин.

Дар идомаи суҳбаташ ин спикери парлумон таъкид намудааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ натанҳо бояд забони русӣ ва қонунҳои муҳоҷиратии Россияро нағз донанд, балки ҳамзамон ба тарзи зиндагӣ ва расму анъанаҳои мардуми рус бо эҳтиромона муносибат намоянд, то ки байни онҳо ва мардуми маҳаллӣ нофаҳмӣ ва баҳсу мунозираю низоъ ба вуҷуд наояд.

Вячеслав Володин таъкид кардааст, ки аксаран муҳоҷирони меҳнатӣ мехоҳанд анъанаҳои динӣ ва миллии худро ба мардуми маҳаллӣ бор кунанд, аз ҳамин сабаб, байни муҳоҷирон ва аҳолии таҳҷоӣ нофаҳмиҳо ба миён омада, боиси баҳсу мунозираҳои зиёде мегардад.

Хулоса, агар шумо нияти ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан дошта бошед, ҳатман дар курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ таҳсил намуда, забони русиро ақаллан дар ҳадди гуфтугӯ ёд гиред, қонунҳои муҳоҷиратии Россияро омӯзед ва ҳатман ҳуҷҷатҳои худро ба тартиб дароварда, дар кишвари қабулкунанда ба таври қонунӣ кор кунед, то ки ихроҷ нашавед ва бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ нагардед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД