Шахсеро бо гумони одамдуздӣ дастгир карданд
14.01.2026
Оила
61

Боздошти шахсе бо гумони одамдуздӣ пас аз 25 сол

Кормандони мақомоти тафтишотӣ шахсеро бо гумони одамдуздӣ дастгир кардаанд, ки 25 сол қабл писари муовини прокурори нақлиёт Ҳақназар Шариповро рабуда, бар ивази озодиаш аз волидонаш пули калон талаб карда буданд.

Тавре расонаҳо дар такя ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ навиштаанд, ҳодиса субҳи 21-уми январи соли 2000-ум рӯй дода, як гурӯҳи ҷиноӣ Манучеҳр Шарипов, писари муовини прокурори нақлиёт Ҳақназар Шариповро аз назди мактаби миёнаи рақами 55-и пойтахт дуздида, ба деҳаи Тангаии шаҳри Ваҳдат бурда, пинҳон кардаанд. Силоҳбадастон ноболиғро тӯли 65 рӯз ҳамчун гаравгон нигоҳ дошта, бар ивази озодиаш аз падараш 50 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карда гирифтаанд.

Дар рафти тафтишот муайян гардидааст, ки ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ бо сарварии Худойназар Одинаев бо мақсади қасдгирӣ ва ба даст овардани пули калон ноболиғро рабудаанд. Сарвари гурӯҳ Худойназар Одинаев соли 2013 ҳангоми содир намудани боз як ҷинояти дигар зимни муқовимат бо кормандони пулис кушта шуд.

Яке аз аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ Абдулҳақ Самадов пас аз 25 соли содир намудани ҷиноят бо гумони одамрабоӣ боздошт шуда, аъзои дигари гурӯҳ дар кофтуков қарор доранд.

Нисбати тамоми аъзои гурӯҳ бо қисми 2-и моддаи 130-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфтааст.

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД