goodwell
Шакармамад Мирмамадов барандаи медали нуқраи Бозиҳои Осиёӣ-2026 шуд
29.09.2026
Oila.tj
103

Медали навбатии Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 ба даст омад. Паҳлавони тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар риштаи кураш миёни варзишгарони вазни беш аз 90 килограмм ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардид.

Мусобиқаҳои Бозиҳои Осиёӣ дар шаҳрҳои Айчӣ ва Нагояи Ҷопон идома доранд. Шакармамад Мирмамадов дар роҳи расидан ба финал рақобатҳои худро бо пирӯзиҳо идома дод. Ӯ дар марҳилаи 1/8-ниҳоӣ бар намояндаи Ҳиндустон Яш Кумар Чауҳан ғолиб омад. Дар рақобати ниҳоӣ паҳлавони тоҷик бо намояндаи Ӯзбекистон Шоҳруххон Бахтиёров рӯ ба рӯ шуд. Дар ин сабқат Бахтиёров пирӯз шуда, медали тилоро ба даст овард. Мирмамадов бошад, бо медали нуқра мусобиқаро ҷамъбаст кард.

Бо ин медал шумораи медалҳои Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 ба панҷ адад расид. То имрӯз варзишгарони тоҷик соҳиби ду медали тило, ду нуқра ва як медали биринҷӣ шудаанд. Дар риштаи муҳорибаҳои омехта Мирзобек Умаров дар вазни то 60 килограмм аз рӯйи барномаи Modern MMA ва Отабек Раҷабов дар вазни то 65 килограмм аз рӯйи барномаи Traditional MMA ба гирифтани медали тило мушарраф шуданд. Дар ҳамин ҳол, Беҳрӯз Хуршедзода дар вазни то 71 килограмм аз рӯйи барномаи Modern MMA медали нуқра ба даст овард. Медали биринҷии Тоҷикистонро бошад, Махсатулло Муъминов дар вазни то 55 килограмм дар риштаи карате-до WKF соҳиб шудааст.

Бо идомаи рақобатҳо дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 Тоҷикистон имкони афзоиш додани шумораи медалҳои худро дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД