- Ба афтат чӣ шудааст?
- Ааа, як “качок” штангаро афтонд…
- Дар рӯят-мӣ???
- Э, не, ба пояш…
- Набошад, ба ту чӣ шуд?
- Ман бошам, хандидам…
***
Духтур ба назди бемор омада, мегӯяд:
- Бемор, ман ба шумо ду хабар дорам – якташ хушу дигараш нохуб. Аз кадомаш сар кунам?
- Духтур, аз нағзаш сар кунед.
- Хай, ин бемориро ба номи ту мемонанд.
***
- Барои чӣ ин қадар зиқӣ?
- Занам семоҳа сафар дорад.
- Набошад, туро намефаҳмам.
- Агар ман ғамгин нашавам, ягон ҷо намеравад.
***
Ду духтури бемориҳои рӯҳӣ суҳбат доранд:
- Аҳмият додаед, ҳамкасбам, ҳозирҳо байни беморон нафароне, ки худро Наполеон гумон мекарданд, нестанд. Фикр мекунам, ки ҳозира девонаҳо кӣ будани Наполеонро намедонанд.
- Ман бо шумо розӣ нестам, ман як-ду ҳамин гуна девона дорам. Танҳо якеаш гумон мекунад, ки вай “торт” аст, дигараш “коняк”.
***
Агар аҳволат баду афгор бошӣ, рафта, варзиш кун, мефаҳмӣ, ки аҳволи ҷисмониат аз рӯҳияат бадтар аст.
***
Чи хеле ки ҳолам бад аст, бо ягон кас гап задан намехоҳам...
- Мехоҳӣ, як шишаро гирифта, наздат меоям, хапу дам, ҳардуямон ба телефонҳои дастиамон часпида мешинем?
***
Мизоҷ дар тарабхона фармоиш медиҳад:
- Шумо метавонед таъоми ҳо ана вай ҷаноб хӯрдаистодаро ба ман ҳам биёред?
Пешхизмат ба ӯ ҷиддӣ назар карда, мегӯяд:
- Не, ака, сад фоиз медонам, ки вай одам худаш хӯрданӣ.