Мӯйсафед моҳичаи тилоиро қапид.
— Сар деҳ маро, о, пирамард, ман се хоҳишатро иҷро мекунам!
— Худо занад!,- гуфт пирамард.
Моҳиро Худо заду мурд, ду хоҳиши дигари пир иҷро нашуда монд.
***
Шикорчиро дида, харгӯш ба бачаҳояш гуфт:
- Канӣ, бачаҳо, гӯшҳоятонро маҳкам кунед, ки ҳозир шикорчӣ хато хӯрда, ҳақоратро сар мекунад.
***
Марди шикорчӣ хирсро парронд. Гӯшташро худаш гирифт, пӯсташро ба занаш дод, дучархаи сиркиро ба бачааш дод.
***
— Моҳидорӣ варзиш аст, ё санъат?
— Вақте моҳиро медорӣ варзиш аст, вақте нақл мекунӣ – санъат!
***
Зан шавҳарашро ба моҳидорӣ омода карда, мегӯяд:
- Як гулмоҳӣ биёр! Агар гулмоҳӣ дар мағоза набошад, ягон карпи калонтараша биёр.
***
Шикорчӣ агар мурғобиро зада натавонад, андӯҳгин мешавад, агар хирсро натавонад, вақти зиқшавӣ намеёбад.
***
Мехостам барои муносибатамонро хуб кардан, ба хушдоманам як куртаи наву зебо фармоиш диҳам. Барқасди кор хушдоманам ҳамон вақте бедор шуд, ки ман бо метр қади ӯро чен карда, истода будам.
***
Ҷавон:
— Ягон чӣ тайёр кун.
Духтар иҷро кард.
Ҷавон хӯрд:
— Яктаи дигар кун.
— Не. Ин намунаи завҷаи меҳрубон буд. Намунаи қоидавии онро пас аз бақайдгирӣ дар САҲШ ба даст меоред.