Commerc banl
Шакарханди мо бо Oila.tj
29.03.2026
Oila.tj
53

Исбот

Мард:

- Олимон исбот кардаанд, ки мардҳо дар як рӯз 10 ҳазор калима ва занҳо як баробар зиёд, яъне 20 ҳазор калима гап мезадаанд.

Зан:

- Чунки ба шумо барин мардҳо як гапро ду бор такрор кардан лозим.

Ташхис

Духтур баъди муоина ба бемори сарватманде мегӯяд:

- Аз гуфтаҳои ман наранҷед, зеро ташхис нишон медиҳад, ки дилатон на дар тарафи чап, балки дар тарафи рост ҷойгир аст.

- Маро хеле хурсанд кардед,- мегӯяд марди сарватманд қаноатмандона.

- Барои чӣ?,- ҳайрон шуда, мепурсад духтур.

- Чанд сол мешавад, ки зани ҷанҷолиам қасди куштани маро дорад. Агар мабодо кордро ба тарафи чап занаду ман намирам, аз тарс худаш талхакаф шуда мемирад.

Нодон

Духтар аз падараш хоҳиш мекунад:

- Падарҷон, иҷозат диҳед, ки ман аз шавҳарам ҷудо шавам.

- Барои чӣ?,- ҳайрон мешавад падар.

- Охир, кор намекунад, илова бар ин, ҳар рӯз ба хона маст омада, маро латукӯб мекунад.

- Пас чаро бо чунин мард хонадор шудӣ?

- Нодон будаам-да...

- Дидӣ,- мегӯяд падар,- он марди бечора туро бо ҳамин нодоният зан карда гаштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД