Шаҳидони ҳамлаи ҳавоии Амрико ва Исроил ба мактаби духтаронаи Минобро имрӯз ба хок месупоранд. Расонаҳои эронӣ дар ин хусус хабар додаанд.
Ёдрас мешавем, ки бар асари ҳамлаи Амрикову Исроил ба ин мактаби духтарона 165 нафар кушта шуда, 96 тан ҷароҳат бардоштаанд. Аксари захмиён ва кушташудагон хонандагони ин мактаб будаанд.
“Ин ҳақиқати ҳамон "наҷот"-ест, ки Трамп ваъда дода буд",- навиштааст Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар зери акси маҳали дафни қурбониён дар саҳифааш.