arzon replenishment
Шабушк кӯдакро бемор месозад?
17.06.2023
ОИЛА
699

 

Ба наздикӣ мӯйи сари духтарчаи хурдсолам шабушк пайдо кардаасту ман бехабар мондаам. Кор ба ҷое расид, ки аз мӯйи сари худам низ шабушк рехт. Ростӣ, дар ҳолати асабонияти шадид қарор дорам. Духтарчаам низ иштиҳояш баставу инҷиқ шудааст. Аз тамоми маҳлулу воситаҳо истифода бурда, шабушкро тоза кардам, вале ҳайрон мондаам, ки шабушк аз куҷо пайдо шуда бошад. Охир ман зани тозакор ҳастаму ба тозагии фарзандонам диққати хоса медиҳам. Метарсам, ки шабушк дубора пайдо нашавад. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

Нозанин, шаҳри Душанбе

арчанд шабушккуниро хоси аҳолии бенаво шуморанд ҳам, сироят ёфтан аз он ниҳоят осон аст. Шабушк ҳатто дар мӯйи сари одамони сарватманду тозатабиат ҳам пайдо мешавад. Ин паразитҳои хурд ниҳоят сернасланд. Шабушк паразити хунмак аст. Он на парида метавонаду на ҷаҳида, лекин дар давидан ниҳоят чаққон аст. Аз ин лиҳоз, шабушк ба зудӣ аз як кас ба каси дигар мегузарад.

Бештар кӯдакон гирифтори шабушк мегарданд. Нишонаи асосии шабушк задани мӯй хориши сар аст. Пас аз шонакунии мӯй эҳтимоли пайдо шудани газак вуҷуд дорад. Бар замми ин, гумшавии иштиҳо, бехобӣ ва бар асари он халалёбии системаи асаб сар мезанад.

Тоза кардани мӯй аз шабушк он қадар кори душвор нест. Пештар роҳи халосиро дар тарошидани мӯйи сар медиданд. Ин усул самарабахш бошад ҳам, вале на ҳама аз мӯйҳои зебояшон маҳрум шудан мехоҳанд. Алъон, дар дорухонаҳо маҳлулҳои зиёди зидди шабушкро мефурӯшанд.

Ҳамаи ин маҳлулҳо самаранок ҳастанду бехатар. Аз паразитҳо бо кӯмаки ин дорувор бо осонӣ халос мешаведу эҳтимоли дубора гирифтори он шуданатон хеле кам мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД