Formula novemver 2024
Шабҳо Қуръон хондан чӣ фазилатҳо дорад?
947

Қироати Қуръони карим дар шаб, дар ҳоле, ки мардум хобанд, чӣ фазилате дорад?

МУҲИДДИН, ш. Ваҳдат

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Дар суннати саҳеҳ собит шудааст, ки Қуръон барои касе, ки онро дар шаб мехонад ва онро аз хоб афзал медонад, шафоат мекунад, чуноне ки Аҳмад (6626) аз Абдуллоҳ ибни Амр ривоят кардааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: «Рӯза ва Қуръон дар рӯзи қиёмат барои банда шафоат мекунанд. Рӯза мегӯяд: "Эй Парвардигор, ман ӯро аз хӯроку шаҳватҳо дар рӯз боздоштам. Пас шафоати маро дар ҳаққи ӯ бипазир". Қуръон мегӯяд: "Эй Парвардигор, ман ӯро аз хоби шаб боздоштам. Пас, шафоати маро дар ҳаққи ӯ бипазир". Фармуд: Шафоати онон пазируфта мешавад». Паёмбар (с) баён намудааст, ки қироати Қуръон дар шаб аз неъматҳоест, ки нисбати мӯъмин бар ин хислаташ метавон ҳасад бурд. Фармуд: «Ҳасад танҳо дар ду маврид равост: Яке марде, ки Аллоҳ таъоло ба ӯ Қуръонро таълим додааст ва ӯ онро шабу рӯз тиловат менамояд. Ҳамсояаш ӯро шунида мегӯяд, ки кош ба ман ҳам ин неъмат дода мешуд, ман ҳам мисли ӯ амал мекардам. Дигаре марде, ки Аллоҳ таъоло ба ӯ молу сарвате додааст ва ӯ он молу сарватро дар роҳи ҳақ харҷ менамояд. Марде мегӯяд, ки кош ба ман ҳам ин неъмат дода мешуд, ман ҳам мисли ӯ амал мекардам».

Тиловати Қуръон дар шаб роҳи наҷот аз ғафлат аст, чуноне ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: «Касе, ки даҳ оят дар як шаб бихонад, аз ҷузъи ғофилон навишта намешавад».

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД