Arzon march 2024
ШАБНАМИ СУРАЙЁ ДАР ЯК ҲАФТА ДУ ТАРОНАИ НАВ ЭҶОД КАРД
2788


Шабнами Сурайё -сарояндаи машҳури тоҷик, ки тӯли солҳо иммижашро аз даст намедиҳад, ду оҳанги ҷадиди худро дар ютуб канали расмиаш нашр намудааст.

Оҳанги якум “Бизан дутора” ном дошта, аз ҷониби мухлисони сароянда хеле гарм пазируфта шуд.

Тарона дар ютуб дорои 300680 тамошо буда, шумораи лайкҳояш ба 4.7 ҳазор мерасад ва ҳамагӣ 169 нафар ба он дизлайк гузштаанд. Шарҳҳои мухлисон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки сурад ба ошиқони савту наво писанд омадааст. Оҳанги дуюми сароянда ҳамагӣ ду рӯз пеш нашр шуда “Олуча попурӣ” унвон гирифтааст ва онро 71 604 нафар тамошо кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки канали шахсии Шабнами Сурайё дар шабакаи ютуб дорои 167 ҳазор обуначӣ мебошад. Оҳанг ва клипҳои Шабнами Сурайё дар ютуб канали “Tamoshow” назар ба ютуб канали шахсии сароянда тамошобини бештар доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД