Ситораи №1-и эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё дар Instagram навореро бо парчами Афғонистон ва суруди ватанпарварона нашр намуда, бо ҳамин восита ба мардуми афғон ғамшарик будани худро нишон додааст.
Ин бонуи пурҳунар дар шаҳри навор ба кулли мардуми афғон изҳори тасаллият намуда, барояшон ҳарчи зудтар фаро расидани рӯзҳои хуш ва пурнишотро орзу кардааст.
Шабнам умедвор аст, ки билохира ақл бар ғазаб ғолиб омада, ҷанги касофатбору қисматсӯз дар ин сарзамин поён меёбад ва мардуми азияткашидаи афғон ба сулҳу сафое, ки беш аз 40-сол боз хурду калон дар рзуяш ҳастанд, мерасанд.
Ёдрас мешавем, ки новобаста ба нооромиҳои Афғонистон то ғалабаи Толибон (ҳаракати экстремистии дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ) дар ин сарзамин Шабнами Сурайё бо аҳли фарҳанг ва ҳунармандони саршиноси афғон робитаи зичи эҷодӣ дошт ва дар ҳамдастӣ чанд таронаи дилнавози муштарак низ эҷод карданд, аммо...
Акнун, ба ғайр аз Панҷшер, дигар қариб тамоми сарзамини Афғонистон аз ҷониби Толибон ғасб шуда, фазои фарҳангӣ дар кишвар маҳдуд гаштааст.
Толибон эълон доштаанд, ки мувофиқи шариати Ислом ҳукмронӣ хоҳанд кард, аммо нерӯҳои зидди Толибон дар Панҷшер ҷамъ омада, иддао доранд, ки то нафаси охирин бо ҷангиёни ин ҷунбиш мубориза хоҳанд бурд.