Дар шаби душанбе ва чоршанбе гирифтани нохун ва шустани либос убол аст мегӯянд, оё ин ҳақиқат дорад?
Посух
Ба саволи хонандаи мо домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сармутахассиси Раёсати фатвои Тоҷикистон чунин посуд доданд:
Аз нигоҳи дини мубини ислом чизи чиркин ё ифлосро ҳар чи зудтар дур кардан лозим аст, фарқ надорад, ки кадом рӯз аст.
Душанбе, чоршанбею ҷумъа ҳама рӯзҳои худованданд, инсон бояд ақаллан як маротиба дар як ҳафта шустушӯ карда нохунҳояшро бигирад. Фарқ надорад, ки шаб аст ё рӯз, ҳар гоҳ фурсат шуд, нохунҳоятонро бигиред.