Sebiston new 2024 october
Шабакаи “Газпромнефт” шарики стратегии сабқати автомобилии Tro-Phygital Tour гардид
05.11.2024
Оила.ТҶ
223

 

Сабқат аз шаҳри Уфаи Русия дар сафар ба саросари ҷаҳон оғоз ёфт, ки Tro-Phy-Gital-Tour ном дорад. Сабқат барои оммавӣ кардани варзиши фиҷиталӣ - як самти гибридӣ, ки киберспорт ва классикаро муттаҳид мекунад, пешбинӣ шудааст.

Сабқати автомобилӣ аз майдони Форуми байналмилалии «Россия - қудрати варзишӣ», ки ҳазорон нафар иштироккунандагонро аз тамоми ҷаҳон гирд оварда буд, бо тантана оғоз ёфт.

Масири ҳаракат аз ҳашт кишвари ба Ҳаракати ҷаҳонии фиҷиталӣ шомилшуда: Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Эрон, Қатар мегузарад ва 27 рӯз идома меёбад. Сафирони сабқат донишҷӯёни донишгоҳҳои Русия ва иштирокчиёни мусобиқаҳои фиҷиталӣ аз саросари ҷаҳонанд.

2_6

Ба иштирокчиён лозим меояд, ки масофаи 7 ҳазор километрро бо мошинҳои суръатбаланд аз якчанд минтақаҳо тай кунанд. Дар роҳ Tro-Phy-Gital-Tour-ро як барномаи васеъ интизор аст, ки иштирокдоронро бо фарҳанг ва ҷойҳои ҷолиби кишварҳо шинос мекунад.

3_7

Пеш аз сафар сайёҳон ба барномаи "Дар роҳи мо" ҳамроҳ шуданд. Дар замимаи мобилии “НФС Газпромнефт” онҳо холҳои бонусӣ гирифтанд, ки метавонанд барои пур кардани сӯзишворӣ сарф намоянд ё дар роҳ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бо дилхоҳ маҳсулот иваз кунанд.

4_9

Шабакаи “Газпромнефт” беш аз 1700 нуқтаи фурӯши сӯзишвориро дар Русия ва кишварҳои ИДМ фаро мегирад. Дар шабакаҳои НФС бензин ва сӯзишвории дизелӣ, доираи васеи молҳо барои роҳ, қаҳвахонаҳои фирмавӣ ва дигар хизматрасониҳои иловагиро пешкаш мекунанд. Барои мизоҷон барномаи “Дар роҳи мо” амал мекунад, ки дар Русия беш аз 13,5 миллион нафар иштирокчиёни он маҳсуб меёбанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД