Сел дар Кӯлоб: мақомот дар бораи зарар ва наворҳои паҳншуда чӣ гуфтанд?
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мақомоти шаҳри Кӯлоб ба навору хабарҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда дар бораи оқибатҳои боронҳои шадиди рӯзҳои охир вокуниш нишон додаанд. Ин дар ҳолест, ки шоми 10 -уми ноябр селборон кӯчаҳои Кӯлобро фаро гирифта, ба роҳҳо, қубурҳои обпарто ва даҳҳо қитъаи наздиҳавлигӣ зарар расондааст.
Дар яке аз наворҳои паҳншуда дида мешавад, ки оби борон то назди даромадгоҳи як бинои истиқоматӣ расидааст. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ин навор дар ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ сабт шудааст. Кумита гуфтааст, ки ҳангоми сабти навор зернизомҳои ҳудудии низоми ягонаи ҷамоат ба корҳои бартарафсозии оқибатҳои боришот ва тоза кардани қубурҳо ҷалб шуда буданд.
Мақомоти шаҳри Кӯлоб низ хабарҳои дар бораи зарар дидани манзилҳои истиқоматӣ дар шаҳр паҳншударо беасос хондаанд.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, сел тақрибан соати 21:40 дар пайи боло рафтани сатҳи об дар каналҳои обпарто ва маҷрои дарёҳои Девонасой, Шӯраксой ва Тебалай ба амал омадааст. Ҷараёни обу лой кӯчаҳои маҳаллаҳои Хати Роҳ, Даминзода, Фирдавсӣ, Ҷомӣ, 1 Май ва Корвонгузарро фаро гирифтааст.
Дар натиҷаи ин ҳодиса ба роҳҳо, қубурҳои обпарто ва тақрибан 25–30 қитъаи наздиҳавлигӣ зарар расидааст, аммо талафоти ҷонӣ ва осеб дидани одамон ба қайд гирифта нашудааст.
Наҷотдиҳандагон ва намояндагони мақомоти маҳаллӣ барои бартараф кардани оқибатҳои сел ва муайян намудани ҳаҷми зарар дар маҳалли ҳодиса фаъолият доранд. Мақомоти шаҳри Кӯлоб ҳамзамон хабар додаанд, ки хонаҳои истиқоматӣ, иншооти иҷтимоӣ, роҳҳо ва пулҳои шаҳр осеб надидаанд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, эҳтимоли ҳавои боронӣ ва барфӣ дар кишвар то 13-уми ноябрвуҷуд дорад, аз ин рӯ, хатари идомаи боришот ва сар задани чунин ҳодисаҳо дар баъзе минтақаҳо боқӣ мемонад.