..Модарам қариб ду моҳ келин кофтанд ва оқибат як хеши дури падарамро аз деҳаи ҳамсоя хуш карданду маро гуфтанд, ки духтарро рафта бинам. Агар маъқул шавад, ба хостгорӣ меравем, ҳарчанд гуфтам, ки шумо дидед бас, аммо модарам “ту ҳам бин” гӯён, маро маҷбур кард.
Духтарро дидам, ӯ қоматбаланди сабзинаву ситорагарме будааст. Ба модарам розӣ буданамро гуфтаму ӯ аз пайи хостгорӣ шуд. Ростӣ, дилам ба ҳоли модарам месӯхт, ҳарчанд холаву тағоҳоям дар бараш буданд, аммо танҳоӣ мекашид. Тарафи арӯс ҳам ба хотири арвоҳи падарам он қадар чизи зиёд талаб накарданд ва мо тӯйи хоксоронае ороста, арӯсро овардем...
Коронавирус Ситораи Кароматуллоро қариб мекушт
...Бовар мекунед, дар ҳамин 15 рӯз ҳатто обро ба даҳон бурда натавонистам”,-мегӯяд Ситора. Бемории овозхон аз санаи 15-ум то 30-юми апрели соли 2020 давом карда, барои баланд кардани масунияташ то охири моҳи майи соли гузашта табобат гирифтааст. Ситора аз модар ва аммаҳояш, ки табибанд, барои ғамхориву нигоҳубинашон дар давраи бемориаш миннатдор аст. Ситораи Кароматулло феълан ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагӣ мебинад ва дар баробари ин, ба тарбияи духтарчааш Моҳ машғул аст...
Телефон бадномам кард
...Ростӣ, суҳбати гуворо, ҳарфҳои бомаданият дар як лаҳза маро ба ӯ моил кард. Аз ин сабаб, аз ҷавон хоҳиш кардам, ки чанд лаҳзае имконам диҳад, то дар ин бора фикр бикунам. Ӯ низ “хуб” гӯён, гӯширо гузошт. Беҳуда нагуфтаанд, ки занро гӯшаш фиреб медиҳаду мардро чашмаш. Ман низ бо чанд ҳарфи ширин фирефта шудаму бо ҷавони ношинос суҳбатамро идома додам. Аз ин пас ман интизори зангҳои ӯ мешудам. Суҳбати ману ҷавони ношинос чанд вақт давом кард. Аз шиносоии телефониям ба дугонаи ҷониам қисса кардам...
Айби Манижа не, сиёсат гунаҳкор!
...Сергей Лазерев, ки ду маротиба аз номи Русия дар “Евровидение” баромад карда, зинаи 2-юмро ишғол намуда буд ва баромади Манижаро дар Роттердам аз наздик дидааст, мегӯяд: “Бо чунин тарона ғолиб омадан душвор буд, зеро суруди Манижа бо забони русӣ буда, аксари тамошобинон маънояшро аслан дарк карда натавонистанд. Баъдан, мавзӯе, ки Манижа Сангин ба миён гузошт, шояд барои Русия чизи нав бошад, вале барои Аврупо ин мавзӯъ аллакай кӯҳна шудааст”...
Дар сафар чӣ гуна намоз мехонанд?
...Аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ барои қаср кардани намоз паймудани сафари се шабонарӯзӣ шарт дониста шудааст. Дар масофаи се шабонарӯзаи роҳ қаср хондани намозро баъзе саҳобагони бузургвор ба монанди ҳазрати Усмон (р), Ибни Масъуд (р), Ҳузайфа (р) ва баъзе тобеъини бузург амсоли Ибни Зубайр, Иброҳими Нахаъӣ, Шаъбӣ ва дигарон таъкид намудаанд. Ҳазрати Алӣ (р) барои муайян кардани ҳади хуруҷ аз Ватан хонаи найинро нишона қарор дода фармуданд: “Ҳар гоҳе аз ин хонаи найин берун шавам, намозамро қаср мехонам”...
Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 20-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 26-уми майи соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52
“Маро танҳо нагузор”
Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад. Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!