Шоми 1- уми феврали соли равон дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мусобиқаи муҳорибаҳои омехта "Octagon 84" се размкори шинохтаи кишвар - Қамариддин Ҳасанов бо тахаллуси Камил-карате, Фазлиддин Мадраҳимов ва фарзанди овозхони шинохтаи кишвар Ҷонибек Муродов - Нуриоллоҳ Муродов баромад карда, бо нишон додани маҳорати баланд дастболо гаштанд.
Нахуст, Нуриоллоҳ Муродов дар раунди аввал бо усули нокаут кардани рақиби худ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ғалабаи комилро ба даст овард.
Баъдан размкори дигари мо Фазлиддин Мадраҳимов низ дар раунди дуюм бо усули нокаут рақиби худ Ибрагим Шайманови ӯзбекистониро мағлуб намуд.
Дар даври асосӣ бошад, размкори шинохтаи кишвар Қамариддин Ҳасанов бо усули бӯғӣ намудан рақиби худ Ҷасурбек Ҷураевро, ки бо тахаллуси Тайсони ӯзбек машҳур аст, аз ҳуш равонда, ғалаби комилро ба даст овард.