goodwell
Се қоидавайронкунӣ ва 5 рӯзи ҳабс
03.11.2026
Kamoliddin
78

Се қоидавайронкунӣ ва 5 рӯзи ҳабс

Дар шаҳри Душанбе ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота», ки ба якбора се қоидавайронкунӣ роҳ дода, инчунин чандин рақами қайди давлатии бегонаро истифода мебурд, боздошт шудааст.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шаҳрванд Анушервон Холиқов ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накардааст.

Гуфта мешавад, ки ӯ шишаи пеши автомашинаро пурра бо плёнкаи сиёҳ рӯйпӯш карда, ба он таҷҳизоти иловагии махсуси садодиҳанда ва равшанидиҳанда насб намудааст. Ҳамчунин, ронанда чандин рақами қайди давлатии бегонаро дар автомашина истифода бурда, пайваста ба қоидавайронкунӣ роҳ медодааст.

Рақамҳои мазкур мусодира гардида, нисбати Анушервон Холиқов бо моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ санад тартиб дода шудааст.

Бо қарори суд ба ӯ ҷазо дар намуди 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД