Formula novemver 2024
Се нишонаи маъшуқабозии мард
5835


Пиразани 80-сола ларзон-ларзон ба дорухона рафта аз фурӯшанда хоҳиш мекунад:
-Бачаҷон, заҳр дорӣ?
Фурӯшанда бо ҳайрат:
-Заҳрро чи кор мекунед бибиҷон?
Кампир:
-Мехӯрам, бачам, мехӯрам!
Фурӯшанда:
-Чаро? Магар зиндагӣ ба дилатон задааст?
-Эй не бачам, зиндагӣ ширин асту лекин ҳамин шаб хоб дидам, ки шавҳари худораҳматиам дар биҳишт тӯйи дакаданге ороста, зани ҷавон гирифта истодааст. Аз рашк дилу ҷигарам сӯхта истодааст. Мегӯям тезтар рафта тӯяшро вайрон кунам!
Албатта ин танҳо як латифа аст, вале тавре ки мегӯянд, дар зери ҳар як шӯхӣ як зарра, аниқтараш як ҷаҳон ҳақиқат ниҳон аст.
Оташи рашки зани фиребхӯрда дар ҳақиқат ончунон сӯзон аст, ки дунёи марди хиёнаткорро ба коми оташ мекашад. (Бадбахтона, то кадом андоза даҳшатнок будани рашки зани хиёнатдидаро мо дар мисоли қазияи Азиза ва Мадина дидем)
Зан ба камбағалӣ, бехонагӣ, бепулӣ, бе корӣ ва ҳатто ба мушту лагади шавҳар тоб меорад, вале таҳаммул кардани хиёнати мард барояш душвор аст. Зан метавонад тамоми гуноҳҳои мардро бубахшад, аммо хиёнатро намебахшад, агар зоҳиран бахшад ҳам, ҳаргиз фаромӯш намекунад.
Чаро мардон то кадом андоза душвор будани захми хиёнатро барои зан дидаву дониста боз занбозию маъшуқабозӣ мекунанд? Оё хиёнат кардани мардро бидуни аз пасаш поидан фаҳмидан мумкин аст?
Оре, нишонаҳое ҳастанд, ки аз хиёнати мард дарак медиҳанд. Равоншиноси рус Александр Шахов дар бораи се нишонаи занбозӣ ва маъшуқа ё зани дигар доштани мард чунин маълумот додааст:
Аксари занони муосир барои фаҳмидани сирру асрори марди худ телефон ё компьтерашро мекобанд, аз пасаш мепоянд ва ҳатто агент мемонанд, то фаҳманд, ки шавҳарашон бо кӣ робата дорад ва ба куҷоҳо мераваду бо чӣ корҳои пинҳонӣ машғул мешавад. Аммо будин ин корҳо низ занбозии мардро пай бурдан мумкин аст, агар зан ба рафтору кирдори мард дурусттар диққат диҳад. Нишонаҳои хиёнат кардан ва бо зани дигар робата доштани мард инҳоянд:
1. Ба телефонаш код мондани мард
Дар аксари ҳолатҳо мардоне, ки бо занҳои бегона робита доранд, мукотабаи худро тариқи телефон ва шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ аз ҳамсарашон пинҳон медоранд. Барои он ки зан сирру асрорашро нафаҳмад, мард ба телефон ва компьютераш код мегузорад, то бо киҳо сӯҳбат кардан ва чӣ гуфтану чиҳо навишатанашро аз ҷуфташ пинҳон созад. Маъмулан вақте зан сабаби парол ё код мондани мардро пурсон мешавад, шавҳар худро сафед карда мегӯяд, ки ин “фазои шахсӣ” аст, вале дар асл ҳадафи ӯ пинҳон кардани робатааш бо зани дигар аст.
Маслиҳат ба ҳамсарон
Дилу нияти ҷудо шудан надошта бошед, принсипи “Гуфтугӯйи озод”-ро дар зиндагӣ риоя намоед. Шарт нест, ки шумо ба ҳамсаратон дар бораи мукотибаатон бо дигарон маълумоти муфассал диҳед, вале аз рӯйи одоби оиладорӣ бо кӣ гап заданатонро бояд ба ыуфти худ гӯед. Коду парол гузоштан ба телефон, нотбук ва компютер шубҳа ва нобовариро зиёд намуда, боиси сар задани ҷангу ҷанҷолҳои пайвастаи оилавӣ мегардад ва оқибат ба решаи бахти оилавиатон табар мезанад. Инро фаромӯш накунед!

2. Бепарвоии мард
Нишонаи дуюми хиёнати мард ба ҳамсараш нисбати зан тамоман бепарво шудани шавҳар аст. Ба рафтори марди худ диққат диҳед, агар ӯ куртаи нав пӯшиданатонро ҳатто пай намебарад, ба кору боратон дигар таваҷҷӯҳ зоҳир намекунад ва ба куҷо рафтанатонро намепурсад, бидонед, ки дигар барояш ҷолиб нестед. Бо шумо зистан аллакай ба дили ин мард задааст, вале шояд хотири фарзандон ё бо ягон сабаби дигар дар бораи ҷудо шудан лаб намекушояд. Эҳтимол аллакай зани дигареро пайдо намудааст, ки бачашмаш зебою дилкаш менамояд ё дар ҷустуҷӯйи чунин хонум аст.
Маслиҳат ба ҳамсарон
Пайдо шудани зани дигар дар ҳаёти мард маънои онро надорад, ки шумо бояд оилаи ободи худро вайрон кунед. Эҳтимол ин муносибатҳо мисли боди баҳорӣ ё тирамоҳӣ зудгузар бошанд. Иддае аз мардон танҳо ба хотири паст кардани оташи нафси худ хиёнат мекунанд, вале дар асл дилу нияти аз ҳамсари қонуниашон ҷудо шуданро надоранд.

3. Ҷӯраам бо иҷозати занаш зани дуюм гирифт
Ҳамсаратон тез-тез дар мавзӯи табиатан ба бисёрзанӣ шавқ доштани мардон гап зада, дар бораи ин ё он ҷӯрааш, ки бо иҷозати занаш зани дуюм гирифтааст, нақл кунад, бидонед, ки дар зери коса албатта ягон нимкоса ҳаст. Қиссаҳо дар бораи хиёнат ё зангирии дӯстони мард бо ризоияти занҳояшон ва овардани ривоятҳо дар боби чандзанагии пайғамбарон дар ҷои холӣ ба вуҷуд намеоянд. Эҳтимол шавҳаратон аллакай бо зани дигар робата барқарор кардааст ва мехоҳад назари шуморо дар бораи бисёрзанӣ бидонад. Бо ҳамин роҳ мард шуморо оҳиста-оҳиста ба қабул кардани маъшуқа ё зани дуюмаш тайёр карда, ҷангу ҷанҷолҳои оилавиро пешгирӣ намудан мехоҳад.
Маслиҳат ба ҳамсарон
Дар ҳақиқат мардон дар раванди таърихи башар ҳамеша шавқманди бисёрзанӣ будаанд ва пайғамбарони гузашта низ дар як вақт се-чор занро ба никоҳи медароварданд, вале мардон бояд дарк намоянд, ки замона дигар шудаасту бонувони муосир ба хиёнати мард тоб оварда наметавонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД