35 years of independency
Се медали ҷудокорони тоҷик дар Абу-Забӣ
27

Се медали ҷудокорони тоҷик дар Абу-Забӣ

Ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии «Тоскулоҳи бузург» (Abu Dhabi Grand Slam), ки рӯзҳои 29–31 октябр дар шаҳри Абу-Забии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, се медал ба даст оварданд.

Тавре аз натиҷаҳои мусобиқа бармеояд, варзишгарони тоҷик соҳиби ду медали нуқра ва як медали биринҷӣ шуданд.

Медалҳои нуқраро Лоиқ Қутбуддинов дар вазни то 60 кг ва Масъуди Аҳмадзод дар вазни то 73 кг ба даст оварданд. Искандар Маҳмадхоҷазода бошад, дар вазни то 66 кг мақоми сеюмро касб карда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Дар рӯзи охирини мусобиқа панҷ ҷудокори дигари Тоҷикистон - Музаммир Каримзода, Умар Расулов, Ҷаҳонгир Маҷидов, Парвиз Абдураҳмонов ва Шарифҷон Назриев натавонистанд ба зинаи ифтихорӣ роҳ ёбанд.

Дар маҷмӯъ, дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 13 паҳлавон намояндагӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар ҳамин мусобиқа аз миёни нӯҳ ҷудокори тоҷик Муҳиддин Асадуллоев медали нуқра ва Сунатулло Мусоев медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД