Gazprom july 2025
Се кӯдаки тоҷики дар Русия бепарастор мондаро ба Ватан овардаанд
391

Рӯзи 9-уми август се шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистонро, ки дар Русия бепарастор монда буданд, ба Тоҷикистон баргардонидаанд.

Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ дода, гуфтааст, ки ин кӯдакон дар асоси “Созишномаи ҳамкории Иттиҳоди давлатҳои мустақил роҷеъ ба баргардонидани ноболиғон” ба кишвар оварда шуданд.

Сафорат иттилои дигаре дар мавриди ин ноболиғон ироа накардааст. Маълум нест, ки онҳо чӣ гуна дар Русия бесаробон монда ва чанд муддат дар ин вазъият қарор доштаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД