arzon replenishment
Сайри ройгони осорхонавӣ
360

Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо 18-май, аз соати 18 то 23-00 иқдоми байналмилии “Шабе дар Осорхона”-ро баргузор менамояд.

Ташкилкунандагони чорабинии мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон буда, вуруд ба осорхона ва тамошои чорабиниҳои банақшагирифташуда комилан ройгон аст.

Чорабинии «Шабе дар Осорхона» - иқдоми байналмилалӣ буда, ҳадаф аз он мусоидат ҷиҳати нақшбандии осорхона дар зеҳни тамошобинон ҳамчун макони фарҳангӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба тамошои осорхона мебошад. Айни замон 120 кишвари олам ва 30 000 осорхонаҳо ҳамасола ин чорабиниро таҷлил менамоянд.

Иқдоми навбатии “Шабе дар Осорхона” фарогири 23 чорабинии мӯҳташами фарҳангӣ буда, кумитаи тадорукот фароғати тамоми гуруҳҳои тамошобинон, хурдсолон, наврасон, ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеъаро ба эътибор гирифтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД