Саймӯмин Мадиев, размандаи 25-солаи тоҷикро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ шӯҳрати зиёде дорад, рӯзи 12-июн аз Русия ихроҷ намуданд.
Расонаҳои русӣ навори видеоиро аз лазҳаи барои депортатсия ба фурудгоҳи Домодедово бурдани размандаи ММА Саймӯмин Мадиев нашр намудаанд. Дар навори видеоӣ дида мешавад, ки чи гуна приставҳо Мадиевро, ки ба мисли ҷинояткорон ба дастонаш завлона зада шудааст, ба автобуси фурудгоҳи Домодедово савор мекунанд.
Саймӯмин Мадиев зодаи Кӯлоб буда, пас аз нашри як навори видеоӣ бо унвони “Москва. Метро Люблино. Работаем" дар шабакаҳои иҷтимоии Русия хеле машҳур шуда буд, вале додгоҳи минтақаи Лефортовои шаҳри Маскав ӯро барои сабти ном надоштан аз ҳудуди Федератсияи Русия ба ихроҷ маҳкум намуд.
Мураббии Саймӯмин Мадиев гуфтааст, ки қалбакӣ будани сабти номашро худи ӯ намедонист.
Мадиев шаби 12 июн тариқи ҳавопаймои “Уральские авиалинии” ба зодгоҳаш, шаҳри Кӯлоб фиристода шуд. Додгоҳи Лефортово Мадиевро ба ғайр аз ихроҷ ҳамчунин 5 ҳазор рубл ҷарима бастааст.