Мошин чаппагарадон ва маҷақ шуда, дар канори роҳ чархҳояш рӯ ба боло мехобид. Аз сӯрохиҳои дарҳои мошини ба садама дучор гашта ҷӯйи хун заҳида мебаромад. Хуни одамизод!
Бо дидани ин манзараи ҳузнангез ронандагон, мусофирон ва роҳгузарон ба даҳшат афтода, дарҳол ба имдод шитофтанд, вале берун кашидани захмиён аз мошини чаппагардон шуда чандон кори саҳлу осон набудааст...
Ниҳоят бо талошҳои зиёд мусофиронро аз мошини чаппагардон шуда берун кашиданд. Ду зани дар хуну халаф ғарқ на ҳуш доштанд, на ёд ва осоре аз ҳаёт дар ҷисмашон ба назар намерасид....
Ин ҳодисаи мудҳиш дирӯз тахминан соатҳои 15.15 сар зада, беэҳтиётии як ронанда боиси марги фоҷиавии ду зани мусофир гашт. Тавре ки Вазорати умури дохилии кишвар хабар медиҳад, садамаи сархӯр санаи 10-декабр дар шоҳроҳи “Ваҳдат-Нуробод-Рашт” сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Набиев Зикрулло Раҳматович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Нуробод, бо сабаби беэҳтиётӣ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Ваҳдат-Нуробод-Рашт», аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинро ба тарафи рости роҳ чаппагардон кардааст.
Дар натиҷа, мусофирони дар дохили мошин буда Ҳасанова Сайлигул Абдуҷабборовна, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Нуробод ва Мачоиева Муслима, соли таваллудаш 1955, сокини ҳамин ноҳия, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Худи ронанда, Набиев З.Р. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Тафтишот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.